11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Таҳрими кишварҳои дунё алайҳи Русия

Телевизиони NHK бо такя ба манобеъи ҳукуматӣ хабар дод, сарвазири Ҷопон дар бораи ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Федератсияи Русия дар робита ба авзоъ дар атрофи Украина хабар дод.

Таҳримхои Япония ба мукобили Русия аз манъи содирот аз Ҷумҳуриҳои Луганск ва Донеск, инчунин масдуд кардани дороии шахсони мансабдорро дар бар мегирад.

Ҷопон дар чаҳорчӯби таҳримҳо алайҳи Русия додани раводид ба намояндагони Донетск ва Луҳанскро мутаваққиф кард.

Ҳукуматҳои Канада ва Австралия низ алайҳи Русия таҳримот ҷорӣ кардаанд. Сарвазири Канада Ҷастин Трюдо «даври аввали» таҳримҳои иқтисодиро эълон кард. 

Роҳбари ИМА Байден гуфт,  Русия дигар  наметавонад аз Ғарб қарз бигирад. Мо бар зидди қарзгирии давлатии Русия таҳримҳо ҷорӣ кардем. Ҳоло истифодаи ҳукумати Русия аз маблағҳои ғарбӣ маҳдуд шудааст. Инчунин Русия наметавонад дороиашро дар бозорҳои ғарбӣ мубодила кунад. Аз фардо  нисбати баъзе аъзои оилае, ки дар ин амалҳо даст доранд, таҳримот ҷорӣ хоҳем кард.

Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин Бонки марказии Русия, Вазорати молия ва Бонки Миллии Федератсияро дар феҳристи вижаи субъектҳои таҳти як қатор маҳдудиятҳои молӣ қарор додааст.

Як мақоми баландпояи маъмурияти Амрико гуфт, “лулаи  “Маҷрои шимолӣ-2” ба кор андохта нахоҳад шуд ва 11 миллиард доллар барои он сарф шудааст”.

Намояндаи олии Иттиҳодияи Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Ҷозеп Боррел гуфт, ки иттиҳодия ширкати Русияро дар сармоя ва бозорҳои молии Аврупо маҳдуд кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, аз 28 феврал то кунун фаъолияти 27 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ мамнӯъ шудааст. Ҳамчунин алайҳи 351 вакили Думаи давлатии Русия таҳримот ҷорӣ шудааст.

Садҳо нафар дар назди сафорати Русия дар Берлин эътироз карданд. Тазоҳургарон талаб карданд, ки алайҳи Путин ва дӯстони олигархаш таҳрим ҷорӣ шавад.

Чӣ касе пирӯзи майдони ҷанг аст?

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *