Чоплусон, яъне хушомадгӯён дар ҳама давру замон буданд, ҳастанд, мемонанд. Чоплусро дар забони мардумӣ бо калимаву ибораҳои зиёде шарҳ медиҳанд, масалн, косалес, пӯчоқхӯр, хушомадгӯй, буз, лаганбардор, ва ғайра калимаҳое, ки на ҳама боби интишору талаффузанд.
Ҷойи кори чоплус дар ҳама корхона буда метавонад, аммо ҳамвора кӯшиш мекунад, ки дар наздикиҳои роҳбар дум ликонад. Аз ҳама аҷибаш ин, ки ҳарчанд хислати чарбзабонӣ доранду дар назари аввал чунин менамоянд, ки аз ниҳояти дӯстдориву эҳтироми роҳбар нисбати мансабдорон таъриф мезананд, аммо дар асл душмани рақами яки роҳбарон ҳаминҳоянд. Чунки болои ҳама гуна иштибоҳи роҳбарро мепӯшанд ва ҳамаи камбудии атрофро ҳам ба роҳбар хуб нишон медиҳанд. Болои партобгоҳи ифлоси назди бинои валангор шиор мечаспонанд, ки навишта шудааст: Ватан гул-гул шукуфон аст, ободиву озодӣ….
Онҳоро фикри атрофиён нисбаташон ташвиш намедиҳад. Фақат ба даҳони роҳбар нигоҳ мекунанд, ҳамаи ҳаракоти шефашонро азёд медонанд ва аз як нигоҳ мефаҳманд, ки шеф, бос, хӯҷаин…. чӣ мехоҳад? Дар оинномаи чоплусон роҳбарашон ҳаргиз хато намекунад, то даме, ки дар сари мансаб аст. Аммо ҳамин ки аз масаб рафт, аввал хӯҷаини дигарро азёд мекунанд ва баъдан хӯҷаини пешинаашонро танқид.
Одитар карда гӯем, ойинаи каҷнамо ҳастанд.
Акнун саволе ба миён меояд, ки ин афрод чаро чунинанд?
Ҷавоб:
Шумо, тамошобини барнома, чикораед? Сохтмончӣ, пардозгар, васлгар, кафшергар, дуредгар, сангчину хиштчин….
Барои он кор мекунед, ки пул ёбед, нон ёбед, рӯз гузаронед
Духтури хуб, муаллими хуб, устои ботаҷриба, мардикори одии хуб ҳам, ки пайи ризқаш заҳмат мекашад, ҳалол ёфта мехӯрад
Хушомадгӯй ҳам хонаву дар, зану фарзанд дорад, деги сиёҳ дорад, ки бояд ҷӯшад. Фақат ҳунари дасташ намерасад, забонашро истифода мебарад.
Истеъдоди суханварие, ки бархе чоплусон доранд, воқеан саҳнабоб аст. Онҳо метавонанд дурӯғтаринро рост ҷилва диҳанд. Ба қавле фақат хушомадгӯй метавонад аз хари ланг шери нар созад.
Аммо, вале, лекин…
Ҳамон мардикор, ё аробакаше, ки пояфзолаш дарида, ранги шимаш парида, либосаш аз кӯҳнабозор харида аст, аз ҷоплуси чарбзабон дида ба ҷамъият бештар фоида мерасонад. Ду-се калимаро пайваста дарди дилашро ҳам гуфта наметавонад, ранг-ранг тофта, росту дурӯғ бофта наметавонад, лекин бар ҷомеа зарараш ҳам намерасад.
Муҳим нонаш ҳалол аст.
Воқеан, хушомадгӯҳо мисли қавми бутпарастанд. Гоҳо бандаро то ҳадди худоӣ таъриф мекунанд, ки гӯё рӯзирасонашон ҳам, ғамбарорашон ҳам, наҷотбахшашон ҳам роҳбарашон бошад.
Он қадар дурӯғро ороста мекунанд, ки худашон ҳам бовар карда мемонанд ва мусибат ин ҷост, ки роҳбар ҳам бовар мекунад, камбудӣ вуҷуд надорад.