Рубрики Хабарҳо

Русия маҳдудияти парвозҳоро ба ҳашт кишвар лағв кард

Аз ҷумла маҳдудияти парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон низ лағв шуд.

Агентии федеролии нақлиёти ҳавоии Русия , ки ин кишвар маҳдудиятҳое, ки қаблан барои парвоз дар чаҳорчӯби ҷилавгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҷорӣ шуда буд, лағв мекунад.

Бо ин тасмим маҳдудиятҳои ба хотири COVID-19 барои парвозҳои ғайримуқаррарӣ ва мунтазам ба Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Эрон ҷоришуда лағв хоҳанд шуд.

Ин қарор рӯзи 9 март аз ҷониби ҳукумати Федератсияи Русия гирифта шудааст.

Парвозҳо дар асоси муқаррароти созишномаҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва созишномаҳои алоҳидаи мақомоти авиатсионӣ амалӣ карда мешаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *