Маъмурони яке аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар шаҳрванди Тоҷикистон, Муҳибулло Нуриддинов, бародарзодаи марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, асосгузори Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва раҳбари пешини Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷикро, ки аз аркони барқарории сулҳу субот дар кишвар ба шумор меравад, боздошт кардаанд.
Боздошти Муҳибулло Нуриддинов ба иттиҳоми “дарёфти пул аз хориҷа” мебошад; иттиҳоме, ки пайвандони ӯ аз ҷумла Муҳаммадҷон Нурӣ, муовини раиси КШГНЗС ва писари аршади марҳум устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар Фаронса бар сар мебарад, қотеъона рад мекунанд. Боздошти Муҳибулло пас аз ду моҳи боздошт ва зиндонӣ кардани Нусратулло Саидов, яке дигар аз бародарзодаҳои марҳум устод Нурӣ ба айни иттиҳоми номбурда, мебошад.
Вақтҳои ахир фишор болои наздикони марҳум устод Нурӣ зиёд шудааст. Аз ҷумла, ахиран бародари марҳум устод Нурӣ, Нуруллоҳ Саидов ва ҳамчунин яке аз хоҳарони ӯро мавриди бозпурсӣ қарор додаанд.
Боздошти наздикони марҳум устод Нурӣ ва низ фишор бар болои онҳо, ҳамагӣ пас аз он сурат мегиранд, ки Муҳаммадҷон Нурӣ, писари аршади марҳум устод Нурӣ, ба унвони муовини раиси Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон интихоб гардид.
Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон мегуяд, ин боздоштҳо ва фишорҳо ҳамагӣ бо ҳадафи даст кашидани Муҳаммадҷон Нурӣ аз фаъолият сурат мегиранд. Ва ин дар ҳоле аст, ки Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГНЗС) як ниҳоди сирф ҳуқуқӣ буда, расман дар кишвари Лаҳистон (Поланд) сабт гардидааст. Аз ин рӯ, ин боздоштҳо ва фишорҳо комилан ғайриқонунӣ ва хилофи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ онҳоро эътироф кардааст, мебошанд.
Бобоев ба Паём гуфт, «Кумитаи наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШГНЗС) аз тамоми созмонҳои байналмилалии мудофеъи ҳуқуқи башар тақозо менамояд, зимни арзёбии ҳуқуқии иқдомҳои ғайриқонунии мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои лозимро ҷиҳати даст бардоштани мақомоти Тоҷикистон аз ин амалҳо, биандешанд.»