Нозирони авроқи баҳодор (қоғазҳои қиматнок), бонкӣ ва бимаи (суғуртаи) Иттиҳодияи Аврупо бо интишори баёнияи муштараке ҳушдор доданд, ки сармоягузорон дар маърази хатари аз даст додани тамоми пули худ дар дороиҳои диҷитол ҳастанд, зеро мумкин аст қурбони қаллобӣ шаванд.
Баёнияи муштараки се ниҳоди Иттиҳодияи Аврупо, ки рӯзи панҷшанбе, 17 март мунташир шуд, нишондиҳандаи афзоиши ҳушдорҳои мустақими мақомҳои Иттиҳодия Аврупо ба масрафкунандагон ва корбарон дар мавриди дороиҳои рамзнигорӣ шудааст.
Ин баёния бар ин нукта таъкид дорад, ки муштарёни рамзарзҳо таҳти қонуни хадамоти молии мавҷуди Иттиҳодияи Аврупо аз ҳеҷ гуна ҳимоят ё ҳаққи ғаромат бархӯрдор нахоҳанд буд.
Ба гуфтаи нозирон молӣ, онҳо ба таври афзоянда нигарони ин мавзӯъ ҳастанд, ки шумори зиёде аз сармоягузорони 17 ҳазор рамзарзи мухталиф, монанд Биткоинро бидуни огоҳии комил аз хатароти он харидорӣ кунанд.
Аз ҳамин рӯ нозирони молии Иттиҳодия Аврупо дар баёния худ тасреҳ кардаанд: “масрафкунандагон бояд нисбат ба хатароти таблиғоти гумроҳкунанда тавассути расонаҳои иҷтимоӣ ва афроди таъсиргузор, ҳушёр бошанд.”
Ин се ниҳоди Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин дар бахши дигаре аз баёнияи худ эълом кардаанд, ки масрафкунандагон бояд аз масрафи энерҷии зиёд барои тавлиди бархе рамзарзҳо ва таъсироти зистмуҳитӣ он огоҳ бошанд.