Рубрики Хабарҳо

Пешгирии КДАМ Қирғизистон аз қоҷоқи маводи сухт ба Тоҷикистон

Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 29 март аз қочоқи маводи сӯхт ва нушокиҳои энержӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардааст.

Дар ин бора хабаргузории бо истинод аз дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон хабар дода навишт, ки “дар деҳаи Ҷаштиқи ноҳияи Лейлек (вилояти Бодканд) мошинҳои тамғаи “Жигули” ва “Опел-Вектра”-ро, ки қасд доштанд аз Қирғизистон ба Тоҷикистон маводи сӯхт интиқол диҳанд боздошт кардаанд.  Ронандаҳои мошин шаҳрвандони Қирғизистонбудаанд.

Ҳамчунин, дар маҳаллаи Бешкенти ноҳияи Лейлек марзбонон як мошини тамғаи Мерседес-Бенс Спринтер, ки таҳти идораи шаҳрванди Қирғизистон будааст ва мехостааст 400 блок нӯшокиҳои энержиро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол диҳад, боздошт шудааст.

Дар хабар омадааст, «Тибқи маълумоти пешакӣ, арзиши сӯзишворӣ ва нӯшокиҳои энержӣ ҳудуди 500 000 соми қирғизиро ташкил медиҳад».

Пас аз анҷоми санадҳои дахлдори ронандагони боздоштшуда, маводи сӯзишворӣ ва нӯшокиҳои энержӣ барои тафтиши минбаъда ба кормандони мақомоти салоҳиятдор супурда шудаанд.

Гуфтанист, чанд рӯз пеш аз ин расонаҳо хабар дода буданд, ки раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба мақомоти гумруки кишвараш дастур додааст, ки аз қочоқи орду равғану шакар ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Қамчибек Тошиев рӯзи 24-уми март, ҳангоми баррасии чораҳои зиддибуҳронӣ, ба ҷой доштани қочоқи молу маҳсулот аз вилояти Бодканд ба Тоҷикистон ишора намудааст.

Ӯ дастур дода, ки сарони идораҳои дахлдор кормандони худро ба шеваи «сипари зинда» дар марз гузоранд, то захираҳои мавҷуда аз Қирғизистон берун нашавад.

Вай иддао кард, ки орду шакар дар Тоҷикистон назар ба Қирғизистон якуним баробар гаронтар буда, гуё дар Тоҷикистон аслан равған нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *