11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Афзоиши себаробарии бозгашти муҳоҷирони тоҷик аз Русия

60 ҳазору 337 муҳоҷири тоҷик дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон баргаштаанд. Ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2021 2,6 маротиба зиёд аст. Дар ҳамин ҳол 106 ҳазору 132 нафар муҳоҷирони тоҷик аз аввали соли ҷорӣ ба Русия рафтаанд.

Шумори нафарони ба муҳоҷиратрафта ҳам нисбати соли гузашта 3,1 маротиба бештар будааст. Аммо соли гузашта бинобар карантинҳо сафар ба Русия мушкилтар буд.

Тибқи иттилоъи “Азия — Плюс” бо истинод ба Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин давра, 51 ҳазору 846 мард аз Русия ба ватан баргаштаанд, ки ин нисбат ба соли 2021 2,8 маротиба зиёд аст. Шумораи занҳое, ки ба Тоҷикистон омадаанд 8491 нафарро ташкил медиҳанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 77 дарсад зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар ин давра 2611 муҳоҷири тоҷик, ки иҷозаи сафар ба Русияро надоштанд, аз сафар баргардонида шуданд, ки аз ин 2420 мард ва 191 зан будаанд.

Ба иттилои манбаъи мо, то охири соли 2021 воридшавии 156 ҳазору 392 муҳоҷири тоҷик ба Русия барои солҳои гуногун манъ шудааст ва онҳо иҷозаи рафтан ба ин кишварро надоранд.

Зиёда аз 2,5 маротиба зиёд баргаштани муҳоҷирони тоҷик аз Русия дар ҳолест, ки шурӯъ аз 24 феврали соли равон  ҷанги Русия дар Укроин идома дорад ва он ба вазъи кори муҳоҷирон таъсири амиқ расонид. Аз ҷумла, дар натиҷаи таҳрими кишварҳои аврупоӣ болои Русия бештари ширкатҳои борнуфузи тиҷоратӣ фаъолияти худро дар ин кишвар қатъ карданд.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекунанд ва маблағи интиқолии онҳо чархаи асосии иқтисоди Тоҷикистон гуфта мешавад.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *