Абдурраббӣ Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури Яман ташкили Шӯрои риёсатҷумҳурии ҷадид барои раҳбарии кишвар ва вогузарии қудрати худ ба ин Шӯроро эълом кард.
Ӯ дар як баёнияи телевизионӣ дар охирин рӯзи музокироти сулҳ дар рӯзи панҷшанбе 7 апрел дар Риёз, пойтахти Арабистон гуфт: “Ман ба гунаи баргаштнопазир ихтиёроти комили худро ба Шӯрои риёсатҷумҳурӣ месупорам.”
Шӯрои ҷадиди муташаккил аз ҳашт узв хоҳад буд ва Рашод Ал-Аълимӣ, вазири дохилаи пешин ва мушовири Ҳодӣ раҳбарии онро бар ӯҳда хоҳад дошт.
Яман аз соли 2014 даргири ҷанги хонумонбарандозе шуд, ки миёни нерӯҳои давлати расмӣ ва шӯришиёни Хусӣ таҳти ҳимояти Эрон даргирифт ва то ин замон низ идома дорад. Эрон иттиҳом додани силоҳ ба хусиҳоро рад мекунад.
Давлати Ҳодӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро ба расмият мешиносад, аз соли 2015 то кунун тавассути як эътилофи низомӣ ба раҳбарии Арабистони саудӣ алайҳи шӯришиёни Хусӣ, ки дар соли 2014 Санъо, пойтахтро тасарруф карданд, дар ҳоли набард ҳастанд.
Оташбасе, ки тавассути Созмони милали муттаҳид дар рӯзи шанбе, аввалин рӯзи моҳи рамазон ба иҷро гузошта шуд, дар миёнаи ҷанге, ки боиси яке аз бадтарин буҳронҳои башарӣ дар ҷаҳон шудааст, чароғаке аз умед равшан кард.
Бар пояи тавофуқи оташбаси ҷадид, ки дар сурати ризояти тарафайни даргир қобили тамдид хоҳад буд, ҳама ҳамалоти низомии ҳавоӣ, заминӣ ва баҳрӣ бояд мутаваққиф шавад.
Эъломи оташбас дар ҳоле эълом шуд, ки музокирот дар бораи Яман дар Арабистони саудӣ дар набудани шӯришиён баргузор гардид, зеро онҳо гуфтаанд, ки аз ширкат дар музокирот дар қаламрави хоки “душман” худдорӣ мекунанд.
Ҷанги Яман то кунун садҳо ҳазор кушта бар ҷой гузошта ва ин кишвари фақир дар шибҳиҷазираи Арабистонро ба шиддат таҳти фишор қарор дода, ба ҳадде, ки дар остонаи қаҳтӣ қарор гирифтааст.