Рубрики Хабарҳо

Масҷиди Қубо 10 маротиба калон карда мешавад

Масҷиди Қубо дар Мадинаи Арабистони Саудӣ 10 маротиба калон карда мешавад. Дар ин бора валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон хабар додааст. 

Дар лоиҳа васеъ кардани майдони масҷидро ба 50 000 метри мураббаъ пешбинӣ шудааст. Ин аз майдони ҳозираи он 10 маротиба зиёд аст. Пас аз анҷоми лоиҳа, масҷид метавонад 66 000 намозгузорро қабул кунад.

Бояд гуфт, ки Қубо аввалин масҷиди бунёдшуда дар таърихи ислом мебошад. Онро ҳазрати Муҳаммад (с) дар соли 622 милодӣ (1 ҳиҷрӣ) сохтаанд.

Дар тӯли ин солҳо масҷид борҳо таъмиру васеъ карда шуд. Дар соли 1829 Султон Маҳмуди II фармон дод, ки масҷиди Қубо пурра аз нав барқарор карда шавад.

Таъмири охирин соли 1986 сурат гирифт. Тарҳи масҷиди навро меъмори мисрӣ Абдулвоҳид ал-Вакил ва ҳамтои ӯ дар Штутгарт Маҳмуд Бодо Раш, шогирди меъмори олмонӣ Отто Фрей тарҳрезӣ кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *