Рубрики Хабарҳо

“Охирин набард”-и воҳиди низомии Укроин дар Мариупол

Гордони-36-и баҳрии нерӯҳои мусаллаҳи Укроин мустақар дар Мариупол бо интишори паёме дар фейсбук аз “охирин набард” барои дифоъ аз ин шаҳри стратегӣ сухан гуфт. Русия мегӯяд Мариуполро таҳти контроли худ даровардааст. 

Гордони 36-и баҳрии нерӯҳои мусаллаҳи Укроин дар шабакаи фейсбук эълом кард: “Имрӯз шояд охирин набард бошад, зеро муҳиммоти мо рӯ ба итмом аст.” 

Дар ин паём омада, ки ин набард “барои бархе аз мо марг ва барои бақия асоратро ба думбол хоҳад дошт”, зеро артиши Русия моро ба “ақибнишинӣ” водошта ва ба “муҳосира” даровардааст. 

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, ин воҳиди низомии Укроин мустақар дар Мариупол мегӯяд, 47 рӯзи тамом аз бандар дифоъ карда ва аз “ҳар он чи мумкин ва ғайри мумкин буда” фурӯгузор накарда то битавонад контроли шаҳрро ҳифз кунад. 

Ин воҳиди нерӯи баҳрии Укроин мегӯяд, дигар мавриди ҳимояти фармондеҳии низомӣ Укроин нест: “Ҳеҷ кас намехоҳад бо мо тамос бигирад, зеро мо дигар фаромӯш шудаем”. 

Артиши Русия эълом кард, ки ҳамакнун набард бар рӯйи минтақаи корхонаи оҳангудозии “Азовстал” мутамаркиз шуда, ки дар наздикии бандари Мариупол воқеъ аст. Гуфта мешавад, ки байни 1500 то 3000 нафар аз нерӯҳои муқовамати Укроин дар ин корхонаи оҳангудозӣ мустақар шудаанд. 

Воҳид баҳрии Укроин, ки дар Мариупол меҷангид, дар паёми худ дар фейсбук навиштааст: “Душман гом ба гом моро ақиб ронда ва бо оташбор моро дар муҳосира қарор дода ва талош мекунанд моро нобуд кунад”. 

Гордони 36-и баҳрёии нерӯҳои мусаллаҳи Укроин дар ин паём афзудааст, ки ниме аз нерӯҳояш захмӣ шуда ва аз миёни онҳо, афроде, ки узве аз бадани худро аз даст надодаанд, ба саҳнаи набард бозгаштаанд. 

Бар асоси иттилооти ин воҳиди низомӣ, нерӯи заминии артиши Укроин дар ин шаҳр тақрибан аз байн рафта ва “дар ҳоли ҳозир нерӯҳои тӯпхона, падофанди ҳавоӣ, мухобирот, ронандаҳо ва ошпазҳо дар саҳнаи набард ҳастанд”. 

Мавзеъгирии фармондеҳии марказии артиши Укроин 

Валерий Саложний, фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Укроин дар робита бо вазъияти Мариупол дар шабакаи файсбук навишт: “Иртибот бо воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳе, ки қаҳрамонона аз шаҳр дифоъ мекунанд, ҳамчунон барқарор аст”. 

Ӯ афзуд, артиши Укроин тамоми талоши худро ба харҷ медиҳад, ки “зиндаги кормандон ва ғайринизомиёнро наҷот диҳад ва ба ҳар шакле аз шаҳр дифоъ кунад”. 

Шаҳр бандарии Мариупол, ки дар ҷануби шарқии Укроин дар ҳошияи баҳри Азов ва дар ҷануби минтақаи Донбасс воқеъ аст, то кунун саҳнаи шадидтарини ҳамалоти артиши Русия ва муқовамати нерӯҳои укроинӣ буда ва ҳазорон кушта барҷой гузордааст. Гуфта мешавад 80 дарсади шаҳр тахриб шудааст. Гуфта мешавад, ки артиши Русия то кунун монеъи хурӯҷи даҳҳо ҳазор ғайринизомии ин шаҳр шудааст. 

Ду хабаргузорӣ — Интерфакс ва РИА ба нақл аз Данис Пушилин, раҳбари ҷудоиталабони Донетск рӯзи душанбе 11 апрел гузориш доданд, ки бандари Мариуполро таҳти контроли худ даровардаанд. Манобеъи мустақил аммо наметавонанд ин иттилоотро таъйид кунанд. 

Эҳтимоли ҳамалоти Русия аз ҷабҳаи Ғарб 

Дар ҳоле, ки нерӯҳои артиши Русия бар манотиқи шарқии Укроин тамаркуз кардаанд, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин мегӯяд, ки артиши Русия эҳтимолан даст ба ҳамалоте аз ҷабҳаи Ғарб хоҳад зад. 

Ба гуфтаи Зеленский, эҳтимол дорад, ки Русия аз нерӯҳое, ки дар шарқи Молдава, дар минтақаи ҷудоиталаби Преднестровйе мустақар кардааст, даст ба ҳамла ба хоки Укроин бизанад. 

Минтақаи Преднестровйе, ки аз назари ҳуқуқи байналмилал ба ҷумҳурии Молдава тааллуқ дорад, аз соли 1990 таҳти контроли Русия аст. 

Зеленский бори дигар ба таъкид аз кишварҳои ғарбӣ хостори ирсоли таслиҳоти пешрафта шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *