Сафорати Эрон дар Кобул таътил шуд
Сафорати Эрон дар Кобул дар пайи таҷаммӯъоти эътирозии имрӯз таътил шуд.
Сафорати Эрон дар Кобул дар баёнияе эълом кард: Дар пайи ҷараёнсозиҳои ахир алайҳи равобити Эрон ва Афғонистон ва бархе таҷаммӯъҳои пароканда дар шаҳри Кобул дар эътироз ба иддаои бадрафторӣ бо муҳоҷирони афғон дар Эрон, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул имрӯз таътил шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, сафорати Эрон дар Кобул ҳамчунин эълом кардааст, ки ба лиҳози масоили амниятӣ, хадамоти консулӣ то поёни ин ҳафта таътил аст.
Ҳамчунин сарконсулгарии Эрон дар шаҳри Мазори Шариф дар шимоли Афғонистон низ имрӯз дар иттилоияе эълом кард: Ба лиҳози мулоҳизоти амниятӣ, хадамоти консулӣ ва раводид то иттилоъи баъдӣ таътил аст.
Гуфтанист, дар пайи эътирозот дар муқобили сафоратхона ва сарконсулгарии Эрон дар Кобул ва Ҳирот, кордори Афғонистон имрӯз ба вазорати хориҷаи Эрон эҳзор шуд.
Иддаои бадрафтории нерӯҳои амниятии Эрон бо паноҳҷуёни афғон дар Эрон
Ба думболи интишори тасовири марбут ба “бадрафторӣ”-и нерӯҳои амниятии Эрон бо паноҳҷуёни афғон шумори зиёде аз мардуми ин кишвар дар муқобили сафоратхонаи Эрон дар Кобул ва сарконсулгарии ин кишвар дар Ҳирот таҷаммӯъи эътирозӣ баргузор карданд.
Мӯътаризин хостори поёни фаврии бадрафториҳо нисбат ба паноҳҷуёни афғон шуданд.
Ин мӯътаризин ҳамчунин дар муқобили дари асосии вурудии сарконсулгарии Эрон дар Ҳирот оташ равшан карда ва шиорҳои монанди “чунин ҳамсояе намехоҳем” ва “бо паноҳҷуёни афғон монанди инсон бархурд шавад” аз сар доданд.
Мӯътаризин бо шиллики ҳавоии нерӯҳои Толибон мутафарриқ шуданд. Ҳамчунин тазоҳуроте дар ин росто дар вилояти Хӯст баргузор шуда буд.
Сафорати Эрон дар Кобул низ бо интишори баёнияе дар мавриди ин тасовири мазкур эълом кард: Клипҳои мунташира дар фазои маҷозӣ мабнь бар озор ва азияти атбоъи Афғонистон дар Эрон ба сурати ҳадафманд ва барномарезӣ шуда дар садади гилолуд сохтани равобити решадор, амиқ ва таърихии байни ду миллати Эрон ва Афғонистон буда ва ба думболи илқои эронҳаросӣ дар ҷомеаи Афғонистон аст.