Рубрики Хабарҳо

Дар Гурҷистон аввалин бор як зан раисҷумҳур шуд

Комиссиюни марказии интихоботи Гурҷистон эълом кард, ки бар асоси шумориши 100 дарсади оро, Салома Зуробишвили бо касби 59.54 дарсади оро ба унвони аввалин раисҷумҳури зани ин кишвар баргузида шуд.

Ба гузориши веб-сойти расмии ин комиссиюн, Григол Вашадзе рақиби вай ва номзади иттиҳоди нерӯҳои мухолифи давлат низ 40.46 дарсади ороро ба худ ихтисос додааст.

Зуробишвили пас аз тағйироти ахир дар қонуни асосии Гурҷистон, охирин раисҷумҳури ин кишвар хоҳад буд, ки бо раъйи мустақими мардум интихоб шудааст. Ў ҳамчунин унвони нахустин зани раисҷумҳури Гурҷистонро аз они худ кард.

Зуробишвили мутаваллиди Фаронса ва дипломати собиқадор аст. Ӯ сиёсати муносиботи мутаъаддил бо Русияву Ғарбро дунбол мекунад. Аммо рақибаш Вашадзе ҷонибдори муносиботи гарм бо Ғарб аст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *