Қимати тилло то рафт меафзояд ва интизор меравад, ки нархи ин метали қимматбаҳо бо афзоиши талабот боз ҳам гаронтар шавад
Расонаи хабарии Bloomberg навиштааст, ки сабаби болоравии нархи тилло ҷанг дар Аврупо ва афзоиши таваррум дар ҷаҳон дониста мешавад.
Қимати тилло пас аз маҳдудияти даромад дар ҳафтаи дуввум 0,8 дарсад афзоиш ёфт. Дар айни ҳол арзиши ҳар унс тилло ба 1993,33 доллар баробар аст.
Эҳтимоли эмбаргои Иттиҳодияи Аврупо ба гази Русия ва таҳдиди баъзе маҳдудиятҳо ба нафт дар бастаи таҳримҳои навбатии Аврупо талабот ба тиллоро афзоиш додааст. Тилло як воситаи муҳофизат аз суръатёбии таваррум аст. Барои ҳамин хам нархи он то рафт баланд ва талабот ба он ҳам то рафт фузун мешавад.
Таҳлилгарон афзоиши таваррумро иллати аслии болоравии қимати тилло медонанд.
Дар авоили моҳи феврал Bloomberg гузориш дода буд, ки Узбекистон дар ҷаҳон аз ҳама бештар тилло фурӯхтааст.
Расонаи иттилоотии FBA Economics Today дар ин бобат навиштааст, ба афзудани қурби тилло сабабҳои бисёре ба буҷуд меояд. Сӯзишворӣ тайи ҳар дақиқа гаронтар мешавад, қимати ғизо низ рӯз то рӯз меафзояд ва дар пасманзари тағйирёбии қурби асъор, тилло бехатартарин дороӣ барои нигоҳ доштани пасандозҳо боқӣ мемонад.
Бӯҳрони ба сари Укроин омада ба оташи мавҷуда равған мепошад, гузариш ба роҳи ҳалли осоиштаи ин мушкилот, ки ба назар мерасад, дигар ба нақша гирифта нашудааст. Тавре ки ҳам Киев ва ҳам Маскав эътироф мекунанд, музокироти сулҳ ба бунбасти ҷиғел расидааст ва ҷонибҳо ҳарчӣ бештар эълон мекунанд, ки ҳалли мутамаддин имконнопазир аст.