Рубрики Хабарҳо

Дар камбуди об ҳам мардум гунаҳкор дониста шуд

Масъулини «Обу корези Душанбе» ба камбуди об дар пойтахт истифодабарандагонро гунаҳкор дониста гуфтаанд, ба хотири кушода мондани ҷумакҳои об норасоии об ба миён омадааст. 

Масъулин гуфтаанд, ки бисёре аз шаҳрвандон ба хотири пешгирии яхбандӣ дар қубурҳои оби ошомиданӣ ҷумакҳои обро кушода мондаанд, ки мушкили танқисии обро дар хонаҳои сокинон ба вуҷуд овардааст.

Ба далели ҷумакҳои кушода фишори об паст ва таъмини аҳолӣ бо об душвор шудаст. Аммо мутахассисони идораи «Обу корези Душанбе» гуфтаанд, ки дар чунин вазъи боду ҳаво ба хотири рух надодани садамаҳои хати оби ошомиданӣ фишорро баланд карда наметавонанд».

Масъулин аз сокинон хостаанд, обро ба қадри зарурӣ захира намуда, ҷумакҳои обро маҳкам намоянд.

Қаблан хабар дода шуд, ки сардии шадид дар Душанбе ва яхбандии қубурҳо боиси камбуди об дар бархе аз навоҳии пойтахт шудааст. Алҳол ба минтақаҳое, ки мушкили об доранд, мошинҳои обкашӣ сафарбар шудаанд.

Зикр гардид, ки дар хонаҳои куҳнасохти замони хрушёвӣ, ки бинобар надоштани таҳхона васли қубурҳо аз берун сурат гирифтааст, ба яхбандӣ бештар дучор шудаанд.

Ҳавошиносон мегӯянд, сармое, ки Тоҷикистонро феълан фаро гирифтааст, дар давоми 15 соли охир бесобиқа мебошад. Чунин сармо дар ҷумҳурӣ то 25 январи соли равон идома хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *