Ҷозеп Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбе бо таъкид бар лузуми тақвияти равобити тиҷорӣ ин Иттиҳодия бо Амрикои Лотин гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо қасд дорад ҳамон тавр, ки вобастагии худро ба гази Русия коҳиш дод, вобастагии худро ба Чин низ коҳиш диҳад.
Боррел дар сафар ба ҷумҳурии Даминикон гуфт: “Аврупо ва Амрикои Лотин фурсат доранд то равобити тиҷориро ҳамчунон ба унвони сароғози пешрафт ба намоиш бигузоранд ва собит кунанд қарордодҳои солҳои гузашта ҳамчунон метавонанд ба пешрафти муштараки тарафайн ёрӣ расонанд.”
Вай бо ёдоварии ин, ки Иттиҳодияи Аврупо пеш аз ҷанги Укроин комилан ба гази Русия вобаста буд гуфт: “мо мутаваҷҷеҳ шудем вобастагиҳо, ки унсурҳои сулҳсоз буданд метавонанд ба силоҳҳое алайҳи мо табдил шаванд. Вобастагии беш аз ҳадди Аврупо ба гази Русия боис шуд Владимир Путин ба ин бовар бирасад, ки метавонад бидуни таҳаммули ҳеҷ авоқибе ба Укроин ҳуҷум барад. Зеро Аврупо посухе нахоҳад дод. Бовари Путин аз он ҷо ношӣ буд, ки мо 40 дарсад аз гази масрафиамонро аз Русия таъмин мекардем ва ӯ моро чун зиндонӣ дар чанголи худ медид.”
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бо таъкид бар лузуми коҳиши вобастагии ин Иттиҳодия ба Чин гуфт: “мо мехоҳем аз вобастагии худ ба Чин мисли вобастагии собиқамон ба Русия дар асри ҳидрокарбон ҷилавгирӣ кунем.”
Ин сиёсатмадори аршади испанияиёӣ бо ишора ба сармоягузориҳои калони кишварҳои аврупоӣ дар Амрикои лотинӣ афзуд: “мо аврупоиҳо сармоягузорони аслӣ дар Амрикои лотинӣ ҳастем. Ҳеҷ кас беш аз мо дар ин ҷо сармоягузорӣ накардааст. Мо беш аз кулли сармоягузориямон дар Русия ё дар маҷмӯъ Чину Ҳинду Ҷопон, дар Амрикои лотинӣ сармоягузорӣ кардаем.”
Ба гузориши комиссияи иқтисодии Созмони милали муттаҳид барои кишварҳои Амрикои лотинӣ ва ҳавзаи Кариб, 32 дарсад сармоягузории хориҷӣ дар ин минтақа дар соли 2021 тавассути Аврупо анҷом шудааст.