Epsilon Development Company Ширкати амрикоӣ дар Узбекистон чоҳе нафте кашф кард, ки 10 миллион тонна нафт ва 7 миллиард метри мукааб газ дорад.
Тавре расонаҳои узбекӣ хабар додаанд, чоҳи нафт дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон кашф шудааст.
Моҳи марти соли ҷорӣ ширкати Epsilon Development Company ва ширкати ҳонконгии Epsilon Asia Limited барои фаъолият дар бахши ковиши нафту газ дар Узбекистон муттаҳид шуданд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ҳаҷми сармоягузории ду ширкат дар соҳаи нафту гази Узбекистон ба 5 миллиарду 200 миллион доллар мерасад.
Гуфта мешавад, ибтидо тамоми нафту гази истихроҷшуда дар бозори дохилии Узбекистон фурӯхта мешавад. Сар аз моҳи марти соли ҷорӣ ширкатҳои мазкур дар чанд минтақаи дигари Узбекистон низ ба кофтани нафт машғул ҳастанд.