Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъйид кард, ки Эрон ғанисозии 60 дарсадиро дар сойти зерзаминии ҳастаӣ Фордо дар устони Қум оғоз кардааст.
Теҳрон эълом карда, ки ин иқдомро рӯзи душанбе дар вокуниш ба қатъномаи тозаи Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии атомӣ дар интиқод аз барномаи ҳастаии Эрон анҷом додааст.
Рафаэл Гросси, мудири кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар гузорише, ки дар ихтиёри аъзои Шӯрои ҳукком қарор дод, эълом кард, ки Эрон дар ҳоли барномарезӣ барои тавсеаи қобили таваҷҷуҳи тавлиди ураниюм бо ғинои поин дар Фордо аз тариқи насби 14 обшори дигар аз сентрифюжҳои пешрафтаи “ИР6” аст, ки 6 мавриди он ҷойгузини обшорҳои сентрифюжҳои насли поини “ИР1” хоҳад шуд.
Гросси дар гузориши худ навишт, ки Ожонси байналмилалии энержии атомӣ афзоиши фаъолиятҳои ростозмои худро аз таъсисоти Фордо ба иттилоъи Эрон хоҳад расонд. Мудири кули Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунин дар гузориши худ аз тасмими Эрон барои насби таъсисоти дувум дар Натанз хабар дод.
Хабаргузори давлатии ИРИНО рӯзи сешанбе эълом кард, ки иқдомҳои анҷомшуда дар Фордо шомили “тавлиди маҳсули урониюми “ЮОФ6” бо ғинои 60 дарсад барои нахустинбор” дар ин муҷтамеъ аст.
Оғози ғанисозии 60 дарсадӣ дар Фордо дар ҳоле аст, ки ғанисозии 60 дарсад дар муҷтамеъи Натанз низ ҳамчунон идома дорад, ки ба ғанисозии 90 дарсадӣ барои тавлиди бомби атомӣ наздик аст.
Эрон пеш аз тавофуқи ҳастаӣ бо қудратҳои бузург дар соли 2015, ураниумро ба мизони 20 дарсад ғанисозӣ мекард аммо бар асоси тавофуқи анҷомшуда, фақат иҷоза дошт то сақфи 3.67 дарсад ғанисозӣ кунад.
Ожонси байналмилалии энергии атомӣ дар ҳоле ғанисозии ураниум бо хулуси 60 дарсад дар Фордоро таъйид карда, ки Антони Блинкин, вазири хориҷаи Амрико пештар гуфта буд, ки ин иддаоро таъйид намекунад.
Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи панҷшанбе бо тасвиби дувумин қатъномаи худ дар соли ҷорӣ аз Эрон хост, ки ҳарчи сареътар бо бозрасони ин Ожонс дар таҳқиқот дар бораи манишаи ураниум дар таъсисоти эълом нашудааш ҳамкорӣ кунад.
Аммо Эрон хостори баста шудани ин парванда дар Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аст ва эълом кардааст, ки дар ғайри ин сурат ба тавофуқи ҳастаии соли 2015 боз нахоҳад гашт.