Рубрики Хабарҳо

Раисӣ: тасмими Парлумони Аврупо хилофи қонунҳои байналмиллалист

Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон имрӯз, панҷшанбе дар нишасти фавқулъодаи ҳайати давлат дар робита бо тасвиби пешнависи парлумони Аврупо алайҳи Эрон гуфт «ин ҳаракат аз рӯйи ноумедӣ ва пас аз талошҳои номувафақи хиёбонии онҳо барои зарба ба мардуми Эрон анҷом шуд то ба хаёли худ битавонанд миллати Эронро мутаваққиф кунанд».

Ба гузориши сойти расмии раёсатҷумҳурии Эрон, вай Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро «нерӯи расмӣ» ва «бахше аз созмони низомии кишвар»-аш хонд ва афзуд «ин иқдом бархилофи қавонини байналмилал ва маншури Созмони милал аст».

Намояндагони парлумони Аврупо дирӯз, 19 январ дар Маҷмаъи умумӣ дар Страсбурги Фаронса ба пешнависи қатънома дар хусуси ҷорӣ кардани таҳримҳои бештар алайҳи Эрон доданд.

Парлумон Аврупо бо ин пешнавис қатънома хостори таҳрим алайҳи оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбар ва Иброҳим Раисӣ, раисҷмҳур ва «масъулони нақзи ҳуқуқи башар» дар Эрон шуд.

Ҳамчунин намояндагони парлумони Аврупо дар ин лоиҳа хостори қарор гирифтани Сипоҳи посдорони Эрон дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ шуданд.

Дар ин пешнавист қатънома эъдомҳои ахир дар Эрон пас аз маргт Маҳсо Аминӣ ба шиддат маҳкум шуда ва бар озод шудани зиндониёне, ки дар эътирозоти ахир боздошт шудаанд, таъкид шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *