Як манбаъ ба «Паём» иттилоъ дод алайҳи Бузургмеҳр Ёров, вакили дифоъи шинохта ва зиндонии сиёсии тоҷик парвандаи нав боз шуда ва ӯро ба боздоштгоҳи муваққатӣ ё СИЗО интиқол додаанд. Манбаъ мегӯяд бо гумони ғолиб иттиҳоми нав «қаллобӣ» аст.
«Паём» ҳанӯз натавонистааст тасдиқи ин хабарро аз манобеъи худ бигирад. Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи манобеъ, моҳҳои ахир фишор болои вакили маъруфи дифоъ авзоиш ёфтааст. Ба хусус баъди нашри ёддоштҳои ӯ дар сойти Фонди Бузургмеҳр Ёров.
Ин хабар пайгирӣ ва такмил мешавад.