Парвандаи фаъоли сиёсӣ Низомиддин Насриддиновро, ки аз Беларус ба Тоҷикистон истирдод шуда буд, ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристодаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо истинод ба наздиконаш хабар додааст.
Пайвандони ин фаъоли сиёсӣ дар Олмон гуфтаанд, парванда ҳамин ҳафта ба додгоҳ расида, муҳокима эҳтимол рӯзҳои наздик шуруъ шавад. «Ба мо ҳамин қадар хабар расонданд, ки парвандаро додрас Мирзо Одиназода баррасӣ мекунад,» — гуфтааст яке аз наздиконаш.
Парвандаи ин фаъоли сиёсиро бар асоси қисми 2-и моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ (даъват ба сарнагунии ҳокимият) тафтиш карданд. Ин банди қонун аз 8 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Низомиддин Насриддинов, ки дар Олмон мақоми паноҳандагӣ дошт ва 8-уми январи имсол ҳангоми гузаштан аз Литва ба Беларус дастгир шуд. Ӯ то замони истирдод дар боздоштгоҳи шаҳри Гродно буд ва бо вуҷуди нигаронии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ моҳи июл ба Тоҷикистон таслим карда шуд.