Рубрики Хабарҳо

Толибон 21 ҳазораро гаравгон гирифтаанд

Хабаргузории «Шафақно» иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи Толибон асри рӯзи якшанбе чанд мошин мусофирони ҳазораро дар Дашти Қарабоғ, масири Қарабоғ – Ҷоғурӣ мутаваққиф кардаву тамоми 21 сарнишини ин мошинҳоро ба гаравгон гирифтанд.

Як рӯз қабл аз он низ Толибон беш аз 10 мусофири ҳазора аз манотиқи Тамки, Найқалъа ва Говмурдаро ба гаравгон гирифтанд, ки то кунун  аз вазъияту ҳувияти онҳо гузорише мунташир нашудааст.

 Бархе аз ҷодаҳову бузургроҳҳои Афғонистон, ки таҳти кантроли Толибон қарор дорад, барои мусофирон бисёр хатарнок аст ва гоҳе авқот Толибон бо ҳамла ба мошинҳои мусофирбарӣ, сарнишинони онҳоро мерабоянд, ки ин мавзуъ боиси нигарониву хашми мардум шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *