Ба назар мерасад, аксари таҳсилдидаҳои тоҷик, ҳам аз миёни онҳое, ки дар муқобили ҳукумати феълӣ қарор доранд ва ҳам аз миёни ҷонибдорони ҳукумати феълӣ, шубҳа доранд, ки мо тоҷикон миллати сарҷамъ ва воҳид ҳастем. Ин мавзуъ баъд аз ғалабаи инқилоби арманиҳо дубора матраҳ шудан дорад.
Аммо камина бар онам, ки тезиси «миллати сарҷамъу воҳид будан» ё набудани арманиҳо, русҳо, чиниҳо ё тоҷикон худ сиҳат нест. Дониши куҳнашуда асту авомона, ки аз қолаби зеҳнии зерин ё ҳатто шиъор бармеояд: ХАЛҚ Ё МИЛЛАТ СУБЪЕКТИ АМАЛ мебошанд.
Аммо воқеъият ин аст, ки халқ ё миллат субъекти амал нестанд ва буда ҳам наметавонанд. Балки аз номи халқ ва миллат қишрҳо ё стратҳо амал мекунанд. Бо аҳдофи гуногун, албатта.
Акбар Турсон ҳам аз манфиатҳои халқ мегӯяду Эмомалӣ Раҳмон ва Гулмурод Ҳалимов ҳам.
Дар инқилоби арманиҳо дунявиҳои таҳсилдида неруи пешбар буданду ташаббусро алҳол аз даст надодаанд.
Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки дар нахустин инқилоби миллӣ инқилоби фаронсавиҳо страти таъинкунанда дунявиҳои таҳсилдида буданд.
Намояндаи барҷасти аввалиҳо Пашинян асту дувумиҳо Робеспер.
Дар инқилоби арманиҳо чанд гули мехаку дасти рости Никол Пашинян осеб диду бас, аммо дар инқилоби фаронсавиҳо аз 3,5 то 4,5 миллион одам кушта шуд.
Қатли оми муллоҳо сурат гирифта, то 2 ҳазор одам, аслан аз шумули сарватмандон, хизматгорони онҳо ва роҳибонро тудаҳои мардум зинда хӯрданд.
Қатли оми муллоҳо сурат гирифта, то 2 ҳазор одам, аслан аз шумули сарватмандон, хизматгорони онҳо ва роҳибонро тудаҳои мардум зинда хӯрданд.
Магар дар такя ба ин ду намуна касе ҳозир аст гӯяд, ки арманиҳо халқи сарҷамътару тифоқтаре аз фаронсавиҳоянд?
На, албатта. Чун сухан аз амали миллат на, балки страт ё қишри аҳолӣ меравад.
Пас мутмаин бошед, ки:
1) Тоҷикҳо ба ҳамон андоза миллати воҳиданд, ки чиниҳо ё русҳо, утришиҳо ё ирлондиҳо;
2) Тоҷикон ҳамон қадар маҳалгароянд, ки олмониҳо ё укроиниҳо ё арманиҳо.
3) Тоҷикон ҳам ҳамон қадар одамкушу золим доранд, ки ҳар халқи дигар.
Илм ҳам собит карда, ки дар миёни ҳамаи ин халқҳо теъдоди онҳое, ки ба куштор даст зада метавонанд 1-2 % ро ташкил медиҳанд. Ҳатто зимни амалиёти ҷангӣ!
Пажуҳишҳо собит сохтаанд, ки зимни амалиёти ҷангӣ низ то 30 % неруи инсонӣ аз ҷониби ҳамин 1-2 % сарбозони ҷониби муқобил кушта мешаванду беш аз 70 % тавассути тайёраву тупу тонк ва ғ.ҳ.
Ин нуктаро ҳарбиёни таҳсилдида хуб медонанд.
Бояд гуфт, ки тақрибан ҳамин теъдоди одамон, яъне 1-2 % дар замони осоишта зиндониянд
Бо ҳамин далоил Тоҷикон миллати сарҷамъ, поку озода ва воҳиданд.
Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён