Раҳбарони Бразилия, Русия, Чин, Ҳинд ва Африқои ҷанубӣ имрӯз, сешанбе барои ширкат дар нишасти 2023 БРИКС дар Йоҳаннесбурги Африқои ҷанубӣ гирди ҳам меоянд. Ин нишаст дар ҳоле баргузор мешавад, ки алоқа ба узвият дар ин блок ба шиддат афзоиш ёфтааст. Илова бар раҳбарони панҷ кишвари аслӣ, Иброҳим Раисӣ ва даҳҳо тан аз раҳбарони дигар кишварҳо ҳам дар понздаҳумин нишасти БРИСК ҳозир хоҳанд буд.
Беш аз 20 кишвари нав аз ҷумла Эрон, Арабистон ва Аргентина дархост додаанд то ба ин гурӯҳ бипайванданд. Мавзӯъе, ки метавонад чолиши билқувва барои тасаллути Ғарб дар масоили ҷаҳонӣ бошад.
Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Африқои ҷанубӣ аъзои аслии БРИСК ҳастанд. Номи БРИКС аз ҳуруфи аввали номи кишварҳои узв ба забони англисӣ гирифта шудааст.
Ин гурӯҳи муташаккил аз иқтисодҳои бузурге аст мехоҳанд дар баробари тасаллути Ғарб ҳузури мустақили худро тасбит кунанд.
Гумон меравад илова бар панҷ кишвари аслӣ, раҳбарони 50 кишвари дигар низ дар нишасти ахири БРИКС ширкат кунанд.
Иброҳим Раисӣ раисҷумҳури Эрон аз ҷумлаи ширкаткунандагони ин нишаст хоҳад буд.
Нишасти Йоҳаннесбург се рӯз идома хоҳад дошт.
Аз ҷумлаи мавзӯъоти матраҳ дар нишасти 2023 БРИКС ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ ва ҳамчунин нақши Созмони милал хоҳад буд.
Сирил Рамафоза раисҷумҳури Африқои ҷанубӣ мизбони раҳбарони Чин, Бразилия ва Ҳинд хоҳад буд.
Владимир Путин раисҷумҳури Русия гуфтааст, ки дар ин иҷлос ба таври ҳузури ширкат нахоҳад кард. Интизор меравад аз тариқи линки видеоӣ дар ин нишаст ширкат кунад.
Дар моҳи март, додгоҳи кайфарии байналмилалӣ ҳукми боздошти Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро дар иртибот бо иттиҳоми иртикоби ҷинояти ҷангӣ дар Укроин содир кард.
Чаро БРИКС муҳим аст?
Кишварҳои узви БРИКС рекордҳои зиёде доранд:
Аввалин (Русия), севумин (Чин), панҷумин (Бразилия) ва ҳафтумин (Ҳинд) кишварҳои бузурги дунё;
Пурҷамъяттаринҳо (ду кишвари беш аз миллиарднафарии дунё) яъне Чин ва Ҳинд;
Ҷуз Африқои ҷанубӣ, чаҳор кишвари дигар дар байни ҳафт кишвари аввал аз назари масоҳат ва даҳ кишвари аввали дунё аз назар ҷамъият ва тавлиди нохолиси дохили ҳастанд;
Се артиш аз панҷ артиши бузурги дунё аз назари сарбозони дар ҳол хидмат;
Кишварҳои БРИКС дар маҷмӯъ, ҳудуди чиҳил дарсади ҷамъият, наздик ба якчаҳоруми тавлиди нохолиси миллӣ ва ҳудуди яксаввуми хоки дунёро ташкил медиҳанд.
Дар миёни ин ғӯлҳо, Африқои ҷанубӣ шояд кӯчак ба назар бирасад, аммо танҳо кишвар африқоии БРИКС аст, аз назари тавлиди нохолиси дохилӣ дувумин иқтисоди бузурги Африқост (ё бо бароварди дигар севумин), севумин артиши бузурги Африқоро дорад ҳарчанд аз назари масоҳату ҷамъият (ҳудуди шаст миллион), дар ин қора шашум аст. Пойтахти он Йоҳаннесбург сарватмандтарин шаҳр ва пойтахти иқтисодии Африқост.
Кишварҳои БРИКС аз муҳимтарин тавлидкунандагони коло, хадамот ва маводи хом дар дунё ҳастанд ва пешбинӣ шуда дар ояндаи на чандон дур бузургтарин шаванд.
Яке аз муҳимтарин фоидаҳои пайвастан ба ин маҷмаъ, ба хусус барои Эрон ва Русия, ки шомили сахттарин таҳримҳо ҳастанд, бонки кишварҳои БРИКС аст, ки “Бонки тавсеаи навин” ном дорад. Ин бонк, ки як бонки тавсеъаи чандмиллатӣ тавсиф шуда, сомонаи эъломи пардохтӣ дорад барои кишварҳои узв, ки бадале (алтернатив) аст барои SWIFT, сомонаи молии иртибототи байни Бонки ҷаҳонӣ, ки акнун Эрон ва Русия аз дастрасӣ ба он маҳрум шудаанд.
Яке дигар аз аҳдофи БРИКС канорагирӣ аз доллар ба унвони арзи меъёри тиҷорати байналмилалӣ аст. Ба гуфтаи Русия ташкили сандуқи “захираи арзии байналмилалӣ” бар асоси арзи кишварҳои узв дар ҷараён аст.