Рубрики Хабарҳо

Содир Ҷабборов раисҷумҳури Қирғизистон шуд

Раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Қирғизистон шоми 10-уми январ ба поён расид. Комисиюни марказии интихобот гуфт, 95 дарсади овозҳоро шумурданд ва бино бар он, Содир Ҷабборови 52-сола, ки ҳамагӣ се моҳ пеш аз сӯйи эътирозгарон аз зиндон озод гардид, бо беш аз 79 дарсад раъй пирӯз шудааст.

Номзадҳои дигар аз ним дарсад то тақрибан ҳафт дарсад овоз гирифтаанд ва баъзе аз онҳо бо натиҷаҳо розӣ нестанд. Адахон Мадумаров, ки тақрибан 7 дарсад овоз гирифтааст, натиҷаҳои пешакии интихоботро «дур аз воқеият» донист ва гуфт, қасд дорад бо номзадҳои дигар қадамҳои баъдиро баррасӣ кунад.

Дар Қирғизистон беш аз севуним миллион кас аз ҳаққи раъйдиҳӣ бархӯрдоранд, вале дар интихоботи рӯзи якшанбе 1 миллиону 354 ҳазор нафар (каме беш аз 38 дарсади афроди қобили раъй) иштирок кардаанд. Мақомот гуфтанд, эҳтимол сармои шадид боис шудааст, ки мардум камтар ба нуқтаҳои раъйдиҳӣ бираванд.

Дар ҳоле ки баъзе аз номзадҳо аз натиҷаҳо розӣ нестанд, масъулони Кумисюни марказии интихобот дар бораи дарёфти 60 қонуншиканӣ хабар доданд. Тими интихоботии номзад ба мансаби президент Клара Соорунқулова гуфт, аз Уш дар бораи «харидани овозҳо» иттилоъ гирифтанд, вале маълум нест ин корро тарафдорони кадоме аз довталабон кардаанд.

Содир Ҷабборов, ки соли 2017 бо гуноҳи одамрабоӣ ба даҳ сол зиндон маҳкум шуда буд, дар натиҷаи эътирозу беназмиҳои баъди интихоботи 4-уми октябри соли гузашта озод шуд ва якбора ба нахуствазирӣ ва сипас иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳур расид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *