Рубрики Хабарҳо

Сенати Амрико Муҳаммад ибни Салмонро масъули қатли Хошуқҷӣ шинохт

Маҷлиси сенати ИМА ба қатъномае раъй дод, ки бино бар он Муҳаммад ибни Салмон масъулияти аслӣ дар қатли Ҷамол Хошуқҷиро ба ӯҳда дорад. Дар қатъномаи дигаре сенат хоҳони поёни ҳимояти Амрико аз эътилоф низомии Арабистон дар ҷанги Яман шудааст.

Маҷлиси сенати Амрико рӯзи панҷшанбе, 13 декабр пешнависи қатъномаи таваққуфи ҳимояти низомӣ аз эътилофи Яман ба раҳбарии Арабистонро ба тасвиб расонд, хабар медиҳад Дойче Вилла. 56 сенатор ба ин қатънома раъйи мусбат доданд. Шумор мухолифон 41 нафар буд.

Сенат қаблан ба баррасии пешнависи қатъномае барои поён додан ба ҳимояти низомӣ аз иътилофи арабӣ дар ҳамла ба Яман раъйи мусбат дода буд.

Қатъномаи қатъи ҳимоят аз эътилофи низомӣ дар ҷанги Яманро Берни Сандерз ироа дода буд. Мабнои ин қатънома ин аст, ки ҳимояти ИМА аз ҷанги Яман монеъе барои дастёбӣ ба роҳҳали сиёсии бӯҳрони ин кишвар аст.

Сенат ҳамчунин ба қатъномаи дигаре раъй мусбат дод, ки Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудиро масъули қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ муаррифӣ мекунад. Ин қатънома аз сӯи Боб Крокер, сенатори ҷумҳурихоҳ ва раиси комиссияи сиёсати хориҷии сенат ироа шуда буд. Интиқод аз харидҳои таслиҳотии Арабистон аз Чин ва Русия ҳам аз маводи дигари қатънома аст.

Ҳарду қатънома эътирози ошкори опозисиюн ва бахше аз ҳизби ҷумҳурихоҳ, ҳизби Доналд Трамп, ба сиёсатҳои ӯ дар қиболи Арабистон талаққӣ мешаванд.

Ба рағми натиҷагириҳои таҳқиқоти CIA дар мавриди нақши меҳварии Ибни Салмон дар қатли Хошуқчӣ, Доналд Трамп аз фишор бар ӯ худдорӣ кард. Истидлоли ӯ ин буд, ки харидҳои таслиҳотии Арабистон ва такяи Амрико бар ин кишвар дар муқобила бо Эрон муҳимтар аз он ҳастанд, ки муносибот бо Риёз тира шавад.

Ҳар ду қатънома акнун мебоист дар Маҷлиси намояндагон низ ба раъй гузошта шавад, амре, ки то поёни соли ҷории мелодӣ баид ба назар мерасад. Ҳатто агар баъдтар ҳам маҷлиси намояндагон бо ҳар ду қатънома мувофиқат кунад, боз ҳам иҷрои онҳо ниёзманди имзои Трамп аст, ки чунин иттифоқе тақрибан ғайримумкин аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҷумҳурихоҳон ҳамчунон то рӯзи севвуми январ аксариятро дар маҷлиси сенат дар даст доранд, эҳтимоли ради ин қатънома ҳамчунон вуҷуд дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *