Дар ҳоле, ки Русия фармондеҳи ҷадидеро барои ҷанг бо Укроин мансуб кард, ки Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар суханронии шабонаи худ хитоб ба шаҳрвандон ҳушдор дод, ки ҳафтаи оянда монанди ҳар ҳафтаи дигар дар ҷанг ҳаётӣ хоҳад буд: “Нерӯҳои Русия дар ҳоли тадоруки амалиётҳои бузургтаре дар шарқи кишвари мо ҳастанд”.
Ӯ ҳамчунин Русияро ба талош барои фирор аз масъулияти ҷиноёти ҷангӣ дар Укроин муттаҳам кард.
Тибқи гузориши Ассошиэйтед-Пресс ва ба нақл аз коршиносон, марҳалаи баъдии ҷанг мумкин аст бо як ҳамлаи тамомайёр шурӯъ шавад.
Охирин таҳаввулоти ҷанги Укроин дар таърихи душанбе 11 апрелро дар ин сафҳа пайгирӣ кунед:
09:34
Рамазон Қадиров: Киев ва соири шаҳрҳоро хоҳем гирифт
Рамазон Қадиров, раисҷумҳури Чеченистон дар ҷануби Русия гуфт, ки нерӯҳои рус на танҳо ба бандари Мариупол балки ба Киев ва дигар шаҳрҳои Укроин низ ҳамла хоҳанд кард.
Вай дар видеое, ки дар канали телеграми худ мунташир кард гуфт: “На танҳо ба Мариупол, балки ба маконҳо, шаҳрҳо ва рустоҳои дигар низ ҳамла мешавад.”
Вай афзуд: “Дар марҳалаи аввал Луганск ва Донетскро ба таври комил озод хоҳем кард ва сипас Киев ва ҳамаи шаҳрҳои дигарро хоҳем гирифт.”
Қодиров, ки аксар вакт худро ба унвони “сарбози пиёда”-и Владимир Путин тавсиф мекунад, гуфт, ки набояд дар мавриди Киев шак кард.
Вай афзуд: “Ба шумо итминон медиҳам, ки Русия як қадам ба ақиб бар намегардад.”
06:45
Садри аъзами Утриш барои дидор бо Путин ба Маскав меравад
Карл Неҳамер, садри аъзами Утриш гуфт, ки рӯзи душанбе дар Маскав бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дидор хоҳад кард.
Вай ба хабарнигорон дар Вена гуфт, ки қасд дорад ин сафарро анҷом диҳад.
Ин сафар пас аз сафари рӯзи шанбе ба Киев ҷое, ки вай бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дидор кард, анҷом мешавад.
Тибқи гузориши хабаргузории Утриш, Неҳамер дар ин дидор хоҳони ташвиқи гуфтугӯ байни Укроин ва Русия мешавад ва ба мавзӯъи “ҷиноёти ҷангӣ” дар дидори худ бо Путин расидагӣ хоҳад кард.
Утриш яке аз аъзои Иттиҳодияи Аврупо аст, ки аз таҳримҳои ин Иттиҳодия алайҳи Русия ҳимоят кардааст. Ин кишвар бо ин ҳоли узви НАТО нест ва аз назари низомӣ бетараф аст.
Неҳамер гуфт, ки ин сафар бино ба тасмими худаш анҷом мешавад ва бо мақомоти аршади Иттиҳодияи Аврупо низ машварат кардааст.
06:37
Ҳушдори Зеленский: Нерӯҳои Русия дар амалиёти бузургтаре дар шарқи Укроин ширкат хоҳанд кард
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроина якшанбешаб ҳушдор дод, ки ҳафтаи оянда монанди ҳар ҳафта дар ҷанг ҳаётӣ хоҳад буд.
Вай дар суханронии шабонаи худ гуфт: “Нерӯҳои Русия дар амалиётҳои бузургтаре дар шарқи кишвари мо ширкат мекунанд.”
Вай Русияро ба талош барои фирор аз масъулияти ҷинояти ҷангӣ муттаҳам кард.
Вай афзуд: “Вақте касе шуҷоати пазириши иштибоҳоти худ, узрхоҳӣ, созгорӣ бо воқеият ва ёдгириро надошта бошад, табдил ба ҳаюло мешавад. Ва ҳангоме, ки ҷаҳон онро нодида мегирад, ин ҳаюлоҳо ҳастанд, ки тасмим мегиранд ҷаҳонро бо худ созгор кунанд.” Вай афзуд: “Укроин ҳамаи инҳоро мутаваққиф хоҳад кард.”
Вай таъкид кард, ки рӯзе фаро хоҳад расид, ки Русия бояд ҳама чизро бипазирад. Ҳақиқатро бипазирад.
Вай бори дигар аз кишварҳои ғарбӣ аз ҷумла Олмон хост то кумакҳои бештаре ба Укроин ироа диҳанд.