Рӯзномаи “Уол стрит журнал”-и Амрико гузориш дод, ки Аҳмад ибни Абдулазиз бародар подшоҳ ва Муҳаммад ибни Ноиф валиаҳди собиқи Арабистони саудӣ ва Нуоф ибни Ноиф бародари вай ба иттиҳоми “хиёнат ба ватан” боздошт шудаанд.
Дар ин гузориш ҳамчунин омадааст: манозили афроди мазкур тавассути афроди ниқобдори горди салтанатӣ мавриди бозрасӣ қарор гирифтааст.
Дар ин гузориш ба ҷузъиёти бештар ишора нашудааст.
Мақомоти Арабистони саудӣ низ дар ин маврид изҳори назаре накардаанд.
Бархе аз расонаҳои арабӣ субҳи имрӯз аз даргузашти подшоҳи Арабистони Саъудӣ малик Салмон хабар доданд, аммо то ҳол ин хабар аз тарафи ҳеҷ расонаи маъруфе таъйид нашудааст.