Рубрики Хабарҳо

АЗ ДУНЁ ХАБАР 05.07

Расонаи Free Asia навиштааст: «Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар посух ба даъвати Путин аз сафар ба Русия худдорӣ кард»

Путин рӯзи 15 июн зимни як тамоси телефонӣ Си Ҷинпинро ба ин кишвар даъват карда буд. Аз рӯйи гузориши васоити ахбори осиёӣ, раҳбари Чин ин пешниҳодро бо далели суръати шуйӯъи дигарбораи иллати куруно рад кардааст ва гуфтааст, ки рафтан ба Русия мушкил хоҳад буд.

***

ТАСС: Ҷонсон эълом кард ки Лондон қасд дорад 10 воҳиди тӯпхонаи худгардро ба Киев интиқол диҳад. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон зимни сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои укроиниаш Володимир Зеленский ваъда дод, ки дар ояндаи наздик ба Киев илова бар артилерияи худгард,  лавозимоти ҷангӣ низ хоҳад дод. 

Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки сарвазири Австралия Энтони Албанес ваъда додааст, ки ба Украина 14 зиреҳпӯш (бронетранспортёр)  ва 20 мошини зиреҳпӯши Bushmaster ба сифати кумаки низомӣ медиҳад.

***

Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт: «Бисьёр бисёр кишварҳои узви НАТО аллакай ухдадорихои равшани худро дар бобати таъмини амнияти Суид ва Финлонд ба зимма гирифтаанд»

Ба гуфтаи Столтенберг, ин паймон ҳузури худро дар минтақа, аз ҷумла тавассути тамринҳои бештар афзоиш додааст. Дабири кулли НАТО ҳамчунин гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи НАТО, Финлонд ва Суйид “аллакай комилан мувофиқанд”, зеро онҳо даҳсолаҳост, ки  бо ҳам тамрин мекунанд.

Дар кароргохи блок намояндагони доимии мамлакатхои НАТО ба протоколхои ба иттифоки Атлантикаи Шимолй дохил шудани Финлонд ва Суйид имзо гузоштанд.

***

Орда.кз: Номи пойтахти Қазоқистон Нур-Султон, дар ояндаи наздик ба номи пешинааш баргардонида намешавад. Дар ин бора муовини нахуствазири Қазоқистон Ералӣ Туғҷонов дар ҷаласаи ҳукумат хабар дод.

Рӯзноманигорон аз ӯ дар бораи тағйири номи пойтахт «Остона» пурсиданд, вале Туғҷонов гуфт, ки ин ҳеҷ асосе надорад.

Санаи таҷлили рӯзи пойтахт низ ба таъхир афтодааст. Ҳоло онро дар рӯзи таваллуди раисҷумҳури нахустин Нурсултон Назарбоев қайд мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки 23 марти соли 2019 Остона, пойтахти Қазоқистон расман номи Нур-Султонро гирифт. Фармонро раисҷумҳури феълӣ  Қосим-Жомарт Тоқаев имзо кардааст.

***

Bloomberg: Нархи нафт метавонад то охири соли 2022 то 65 доллар поин равад

Таҳлилгарони бонки амрикоии Citigroup бар ин назаранд, ки як бушка нафти Brent дар охири соли 2022 то 65 доллар поин хоҳад рафт.

Агар талабот ба сабаби таназзули эҳтимолӣ коҳиш ёбад, нархи тиллои сиёҳ метавонад то охири соли 2023 то 45 доллар барои як баррел коҳиш ёбад.

Коршиносон мегӯянд, ки агар кишварҳои ОПЕК+ ба бозори нафт мудохила накунанд ва сармоягузорӣ ба захираҳои нафт коҳиш ёбад, ин гузинаи пешбинишудаи рафти ҳодисаҳо метавонад рух диҳад.

Бар асоси иттилооти мунташиршуда аз тарафи биржаи  ICE , ки имрӯз дар Лондон фаъолият мекунад, як бушка нафти Brent барои таҳвил дар моҳи сентябр 113 доллар пешниҳод мешавад.

***

Теъдоди мубталоён ба вируси куруно дар ҷаҳон аз 550 миллион нафар гузашт

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико, рӯзи 5 июл шумораи умумии гирифторони куруновирус дар ҷаҳон ба 550 047 091 нафар расидааст.

Аз оғози пандемия 6 340 166 нафар аз оқибатҳои COVID-19 фавтиданд.

Дар ИМА, Ҳиндустон, Бразилия, Фаронса, Олмон ва Британияи Кабир шумораи мубталоён беш аз 20 миллион нафарро ташкил медиҳад

ИМА — 87,886,589 ҳолати сироят ва 1,017,915 фавт.

Ҳиндустон — 43,532,788 ҳолати сироят ва 525,242 фавт.

Бразилия – 32,535,923 ҳолати сироят ва 672,033 фавт.

Фаронса — 31,653,749 ҳолати сироят ва 150,765 фавт.

Олмон — 28,542,484 ҳолати сироят ва 141,397 фавт.

***

Reuters: Ширкати давлатии нафту гази Арабистони Саудӣ Saudi Aramco дар моҳи август қимати нафтро барои кишварҳои Осиё боло мебарад.

Нархи фурӯши нафти Arab Light, навъи аслии нафти ба Осиё таъминшуда дар муқоиса бо моҳи июл 2,8 доллар афзоиш ёфта, барои ҳар бушка 9,3 долларро ташкил додааст. Талабот ба нафти хом дар Осиё баланд боқӣ мемонад.

Моҳи апрел Арабистони Саудӣ нархи нафтро барои харидорон дар ҳама минтақаҳо боло бурд.

Ин боис шуд, ки фоидаи Saudi Aramco дар семоҳаи аввал 82 дарсад афзоиш ёфта, ба 39,5 миллиард доллар расид.

***

Рӯзи душанбеи 4 июл ҳукумати Италия дар аксари манотиқи шимоли кишвар, ки аз хушксолӣ ранҷ мебаранд, вазъи изтирорӣ эълон кард. Ба гузориши хабаргузории Associated Press, вазъияти изтирорӣ дар панҷ минтақа: Эмилия-Романья, Фриули-Венезия-Ҷулия, Ломбардия, Пьемонт ва Венето татбиқ мешавад. Дар баъзе шаҳрҳо, махсусан Верона, аз сабаби хушксолӣ, ҳатто маҳдудият барои истифодаи об ҷорӣ карда шуд.

Қаблан нашрияи Nation Africa доири ин мавзӯъ хабар дода буд, ки аз сабаби баландшавии ҳарорат ва шиддати хушксолӣ дар Кения 78 сар фил нобуд шудаанд. Котиби Девони Кения оид ба туризм ва ҳайвоноти ваҳшӣ Наҷиб Балала гуфт, ки филҳо аз моҳи июли соли 2021 то апрели соли 2022 мурдаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *