Аз 30 январ вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 ба баргузории нишастҳои матбуотӣ шурӯъ менамоянд. Дар ин бора ожонси давлати “Ховар” иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи манбаъ нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раёсатҷумҳурӣ аз 20 январи соли 2023 тасдиқ карда шудааст. Тибқи нақшаи тасдиқшуда, нишастҳои матбуотӣ 30 январ оғоз гардида, 17 феврал ба охир мерасанд.
Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби якчанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд.
Нишастҳои матбуотии вазорати идораҳои давлатӣ ягона имкони дарёфти посух аз мансабдорон аст, аммо чанд соли охир мансабдорон мекӯшанд вақти ҷудошударо бо қироати гузоришҳои аз қабл омодашудаашон ба итмом расонанд ва имкони додани савол камтар шавад.
Мансабдороне, ки ба суолҳо посухҳои булъачаб медиҳанд, мисли Бег Сабур, раҳбари Тоҷиктелеком ва қудои раисҷумҳур ва Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион, солҳои охир ё дар нишастҳо ширкат намекунанд ё посухро ба муовинонаш вогузор мекунанд.