Тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Лаҳистон, рӯзи гузашта бозгаштагон ба Украина бештар аз шумори нафарони беруншуда ворид шудаанд.
Бисёриҳо барои дидани наздиконашон чанд рӯз бармегарданд ва кӯшиш мекунанд, ки аз марз дур нагузаранд. Аммо нафароне ҳастанд, ки бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомот дар бораи хатари ҳанӯз мавҷуд, мехоҳанд дар хонаҳои худ бимонанд.
Ба гуфтаи СММ, аз 24 феврал то кунун ҳудуди 4,8 миллион украинӣ кишварро тарк кардаанд. Аз он замон то кунун беш аз 650 000 нафар ба Украина баргаштанд.