Содир Ҷабборов, Президенти рӯ ба диктатура ниҳодаи Қирғизистон дар нишасти Сарони Кишварҳои Туркзабон, ки то рӯзи 11-ми ноябр дар Самарқанд идома ёфт, гуфтааст, ки “баҳсҳои сарҳадӣ дар минтақа бояд бо роҳи сулҳомез ва дипломатӣ ҳал шаванд”.
Ҷабборов таъкид кардааст, ки “ҷониби Қирғизистон мавқеи худро вобаста ба баҳси марзӣ бо роҳи муколамаи сулҳомез ва сиёсию дипломатӣ нигоҳ медорад».
Гуфта мешавад, ки дар нишасти сарони Созмони Кишварҳои Туркзабон бештар дар бораи ҳамгироӣ ва таҳкими созмон сухан гуфтаанд. Баъзе аз иштирокдорон аз печида шудани вазъ дар минтақа ёд карда, хоҳони амнияти кишварҳои узв шудаанд.
Ин ҳам дар ҳоле, ки қариб ду моҳ пеш дар давраи нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Самарқанд, ки раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон дар он ҳузур доштанд, байни ду кишвар муноқишаи шадиди мусаллаҳона сар зад ва аз ду ҷониб садҳо захмиву кушта бар ҷой гузошт. Баъди он дар нишасти Остона, ки дар назар буд, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо раисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон роҳҳали муноқишаҳои марзиро баррасӣ кунад, Эмомалӣ Раҳмон ба Содир Ҷабборов даст надод. Ҳарду бидуни салом алейк дар нишаст ширкат карданд. Илова бар ин то ҳол ҷанги иттилоотӣ байни ду кишвар идома дорад.