Рубрики Хабарҳо

Имдодгарони тоҷик ба корҳои наҷотдиҳӣ дар Туркия шурӯъ карданд

Субҳи 10 феврал наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Қаҳрамонмараши Туркия ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии зарардидагони заминларзаи шадид оғоз намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии ин кумита мазкур хабар медиҳад.

«Дар айни ҳол 40 нафар наҷотдиҳандагон ба таҳқиқ ва бартарафсозии харобаҳои биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншоот машғул мебошанд. Наҷотдиҳандагони тоҷик барои анҷом додани рисолати касбии худ бо масъулияти баланд дар иҷрои кор мебошанд, зеро дар шароити чунин фалокати табии барои наҷот додан ва кумак расондан ба зарардидагон ҳар лаҳза нақши бузург мегузорад. Онҳо барои корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ дар зери харобаҳо аз воситаҳои махсуси техникӣ истифода мебаранд»,- хабар медиҳад манбаъ.

Ҳамзамон гурӯҳи дигари наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ғозиёнтеп, воқеъ дар ҷануби ин мамлакат ба кор шурӯъ кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *