Рубрики Хабарҳо

Ҳушдори сафорати Бритониё дар Тоҷикистон аз эҳтимоли қаллобӣ дар ироаи виза

Сафорати Бритониё дар Душанбе бо нашри эълоне дар саҳифаи фейсбукии худ аз имкони қаллобӣ дар ироаи визаи ин кишвар хабар дод.

“Ба Сафорат маълум гардид, ки пешниҳодҳои қаллобӣ барои кор дар Британияи Кабир тибқи нақшаи коргарони мавсимии кишоварзӣ зиёд шудаанд”, омадааст дар ин эълон. 

Ва гуфта шуда, ки “агар шумо ба ин нақша муроҷиат кунед, аз шумо набояд пешпардохт талаб карда шавад, танҳо ҳаққи раводид, ки бояд мустақиман ба ширкати TLS пардохт карда шавад”.

Сафорати Британия гуфтааст “дар Душанбе раводид умуман намедиҳад”.  

Ва огоҳ кардааст “агар ба шумо гӯянд, ки шумо метавонед раводидро аз Сафорат гиред, он гоҳ ширкате, ки шумо бо он сарукор доред, ҳақиқӣ нест”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *