Рубрики Хабарҳо

Нигаронии Иттиҳодияи Аврупо аз ҳамкории Туркия бо Русия

Борел, масъул сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар номае ба Парлумони Аврупо аз ҳамкории наздики Урдуғон, раисҷумҳур Туркия ва Путин, раисҷумҳури Русия ибрози нигаронӣ кард. Борел аз Туркия хост ба таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Русия бпайвандад. 

Иттиҳодия Аврупо нигарон аст, ки бо вуҷуди ҷанги таҷовузкорона Русия дар Укроин, Туркия шарикӣ ва ҳамкории наздики худро бо Русия ҳифз кунад. 

Ҷузеп Борел, дар ин нома аз сиёсат Туркия дар напайвастан ба муҷозоти танбеҳии ин иттиҳодия алайҳи Русия низ интиқод кардааст. 

Ба гуфтаи Борел, Иттиҳодия Аврупо ва Туркия иттиҳодияи гумрукӣ ташкил медиҳанд то гардиши озоди молҳоро имконпазир созад, ки шомили колоҳои «ду манзура» низ мешавад, яъне колоҳое, ки метавонанд барои мақсадҳои ғайринизомӣ ва низомӣ истифода шаванд. 

Борел ҳушдор додааст, ки ин масъала бисёр муҳимм аст, ки Туркия ҳеҷ роҳҳалле барои таҳримҳо ба Русия пешниҳод накунад. 

Тамоси телефонии Урдуғон бо Путин ва Зеленский 

Туркия дар ҷараёни ҷанг дар Укроин то кунун муваффақ шудааст, ки иртиботи худро бо Русия ва Укроин ҳифз кунад. 

Дар ин росто, раисҷумҳури Туркия якшанбе 11 декабр бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия телефони гуфтугӯ кард. Ў ҳамчунин қарор аст бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроинаниз гуфтугӯ кунад. 

Урдуғон эълом кард, ки ҳадаф аз ин тамоси телефони тақвияти коридори киштиҳои бориӣ дар Баҳри Сиёҳ аст, ки барои интиқоли ғаллаҳои Укроин эҷод шудааст. 

Ӯ ҷузъиёти бештаре ироа накард, аммо хабаргузории Анатолу дар ин иртибот навишт Урдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Путин гуфтааст, ки метавон содироти маҳсулоти ғизоии мухталиф ва дигар колоҳоро аз тариқ коридори ғаллаҳо оғоз кард. 

“Тавофуқи ғалла» бо миёнҷигарии Туркия ва Созмони милал байни Русия ва Укроин дар моҳи июли соли ҷорӣ барои интиқоли маҳсулоти ғаллагии Укроин аз тариқи Баҳри Сиёҳ имзо шуд. 

Ин тавофуқ ба муҳосираи чандмоҳаи содироти ғаллоти Укроин дар натиҷаи ҷанги таҷовузкоронаи Русия поён дод. 

Тибқи ин тавофуқнома киштиҳо бо маҳмулаи ғаллаҳои Укроинадар як маркази муштарак дар Истамбул тавассути тимҳои муташаккил аз намояндагони Укроин Русия, Туркия ва Созмони милал контрол мешаванд. 

Созмони милал аз эҷод «коридори ғаллаҳо» ҳимоят кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *