Рубрики Хабарҳо

Далери Имомалӣ ба зиндон интиқол ёфт

Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори маҳкумшудаи тоҷик пас аз содир шудани ҳукм аз боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) ба Муассисаи ислоҳии №4, воқеъ дар маҳаллаи «1-ум Советский»-и шаҳри Душанбе интиқол ёфтааст. Дар ин бора “Азия-Плюс” бо истинод ба наздикони Далери Имомалӣ хабар медиҳад.

Онҳо гуфтаанд, Далери Имомалиро рӯзи шанбеи 10-уми декабр ба Муассисаи ислоҳии №4 интиқол доданд ва онҳо аз ин кор огоҳ набуданд.

“Ҳоло дар роҳем, баъзе лавозимоти заруриро барои эҳтиёҷаш мебарем. Умедворем, ки бо ӯ вохӯрда метавонем”,- гуфтааст яке аз наздиконаш.

Интиқоли Далери Имомалӣ ба зиндон дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро дар робита ба 10 соли зиндон нисбати Далери Имомалӣ бетағйир гузошта буд. Вакили дифоъ ва наздиконаш гуфта буданд, ки ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳанд кард.

Далери Имомалӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигори зиндонии тоҷик аст, ки бо ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур рӯзи 17-уми октябри соли равон ба 10 соли зиндон ва пардохти 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум шуд. Додгоҳ ин рӯзноманигорро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *