Артиши Амрико таъйид карда як сарбози ин кишвар баъд аз убури бидуни иҷоза аз марзии Кореяи Шимолӣ тавассути нерӯҳои ин кишвар боздошт шудааст.
Як мақоми артиши Амрико ба шабакаи CBS гуфта, ки ин сарбоз дар ҳоли интиқоли дохилӣ аз сӯи артиши Амрико буда, ки ба ногаҳон дар фурудгоҳ масири худро тағйир дода ва ба як тури марзӣ пайвастааст.
Як шоҳиди айнӣ, ки бахше аз ин гурӯҳи турӣ буда ба шабакаи CBS гуфтааст ин сарбоз қабл аз давидан ба сӯи сарбозони Кореяи Шимолӣ механдидааст: “аввал фикр кардам як шӯхии бад аст, аммо вақте, ки мутаваҷҷеҳи бознигаштанаш шудам фаҳмидам шӯхӣ набудааст.”
Мақомҳои амрикоӣ ба CBS гуфтаанд ин сарбоз Травис Кинг ном дорад.
Номи ӯ пештар тавассути расонаҳои Кореяи ҷанубӣ эълом шуда буд.
Сухангӯи артиши Амрико гуфтааст ин кишвар дар ҳоли ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ дар Артиши халқии Корея аст то “масъаларо ҳал кунад”.
Сухангӯи артиши Амрико таъйид кардааст, ки Травис Кинг аз январи 2021 сарбози дувуми пешоҳанги саворанизоми артиши Амрико будааст ва чандин медал ва нишони ифтихор аз ҷумла медали дифоъи миллии Амрикоро дарёфт кардааст.
Ба гуфтаи як мақоми артиши Амрико, ӯ дар авохир муддатеро дар як боздоштгоҳ дар Кореаи Ҷанубӣ ба сар бурда ва ҳафтаи гузашта баъд аз озодӣ ба пойгоҳи низомӣ дар Кореаи ҷанубӣ мунтақил шудааст.
Қарор буда, ӯ барои ҷудоӣ аз артиш ба Амрико мунтақил шавад ва дар рӯзи ҳодиса баъд аз худоҳофизӣ дар гумрук бо неруҳое, ки ӯро гусел ва ҳамроҳӣ мекарданд аз онҳо ҷудо шуда аммо савори ҳавопаймо нашудааст.
Он тавр, ки гузориш шуда Травис Кинг дар иваз ба шакле тавониста аз терминали ҳавоӣ худро ба минтақаи марзии ғайринизомии байни ду Корея бирасонад, ки ҳудуди 50 километрии фурудгоҳ аст.
Ҳанӯз маълум нест ӯ довталабона қасди таслими худ ва “паноҳ бурдан” ба Кореяи Шимолиро дошта ё мумкин аст қасди бозгашт ба Амрико дошта бошад.
Дар ҳамин ҳол, соате баъд аз мухобира шудани хабари боздошти Травис Кинг, Кореяи Шимолӣ мушаки баллистикиро ба сӯи баҳри Ҷопон шиллик кард.
Партоби ин мушак, ки маълум нест иртиботе ба боздошти ин сарбози амрикоӣ дошта бошад, дар замоне рӯй медиҳад таниш миёни Пхенян бо Сеул ва Токио бисёр боло гирифтааст.