Рубрики Хабарҳо

Дарозумртарин сохтмони Ҳасан Асадуллозода боз аз андоз озод шуд

Меҳмонхонаи “маъруф”-и Ҳасан Асадуллозода “Исмоили Сомонӣ”, ки инак 14 сол мешавад сохтмонаш идома дорад, боз аз пардохти андоз озод шуд. Ҳукумат барои 14-ум бор сохтмони ин меҳмонхонаро аз ҳама пардохтҳои андозӣ озод намуд.  

Замони оғози сохтмони ин меҳмонхонаи мӯҳташам, Эмомалӣ Раҳмон, ки бо қайчияш онҷо ҳузур дошт, эълон кард сохтмони он дар якуним сол анҷом хоҳад шуд Аммо инак 14 сол аст, ки сохтмон идома дорад ва мақомот ваъда медиҳанд соли оянда ба анҷом мерасад.

Меҳмонхонаи панҷситорагии “Исмоили Сомонӣ”, ки хишти аввалашро раисҷумҳур 15 марти соли 2006 гузошт ва ҳазинаи сохтмонаш 30 миллион доллар эълон шуда буд, 8 соли охир ба ширкати воридоти масолеҳи сохтмонӣ барои Ҳасан Асадуллозода табдил шудааст. Тамоми маҳсулоте, ки барои сохтмони ин меҳмонхона аз хориҷ ворид карда мешаванд, бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод гардидаанд.

Бо истифода аз ин сабукӣ ширкати сохтмонии “Исмоили Сомонӣ — асри 21”, ки пудратчии ин сохтмони бузург аст, бо номи ин сохтмон ба аксари сохтмонҳои дигараш маҳсулот ворид мекунад ва бо пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ ба буҷаи кишвар миллионҳо сомонӣ зарар меорад.

Фармоишгари сохтмон Дастгоҳи иҷроияи назди раисҷумҳури Тоҷикистон аст. Раҳбарии ин дастгоҳро духтари Эмомалӣ Раҳмон — Озода Раҳмон ба дӯш дорад. Аммо Радиои Озодӣ менависад дар матни қонуни буҷа номи ҳамаи ширкатҳои паймонкор, ки аз андоз озод мешаванд, зикр шудааст ба ҷуз аз меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ». Бино бар маълумоти пойгоҳи ҳуқуқии Вазорати адлия, фармоишгари сохтмони ин меҳмонхона ширкати «Доллмарк Лтд» ва паймонкори кул «Beijing Foch Mechanical Equipment Installation Engineering Co., Ltd» номбар мешаванд.

Ҳамчунин ба иттилоъи ин манбаъ Доллмарк Лтд», ширкати офшорӣ буда, дар Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабт шудааст. Маъмурияти ҷазираҳои офшор номи моликони ширкатҳоро пинҳон медорад. Ин аст, ки сиёсатмадорон ва сарватмандоне, ки сармояҳояшон аз роҳҳои шубҳаовар ба даст омадааст ва мехоҳанд, дороиҳояшон аз чашми мардум ва мақомоти интизомӣ пинҳон монад, ба ин минтақаи офшор рӯй меоранд.

Бино бар додаҳои Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон, «Доллмарк Лтд» ҳамчунон бинои «Рӯдакӣ Плаза»-ро дар ихтиёр дорад, ки дар шафати ин меҳмонхона ҷойгир шудааст. Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон, ин бино ба ширкату идораҳои марбут ба Ҳасан Асадуллозода раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад.

“Исмоили Сомонӣ — асри 21” ҳам ба Ҳасан Асадуллозода таъаллуқ дорад ва онро бародараш Раҳматулло Асадуллозода раҳбарӣ мекунад.

Сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” ягона сохтмони Ҳасан Асадуллозода нест. Ширкатҳои Асадуллозода ҳамчунин пудратчии бузургтарин масҷиди Тоҷикистон ҳастанд, ки Қатар маблағгузорӣ мекунад. Сохтмони он 100 миллион доллар ҳазина дорад.

Ҷуз ин ду сохтмони бузург Асадуллозода тавассути даҳҳо сохтмони дигар пулшӯӣ мекунад. Паём қаблан дар бораи сохтмонҳои ӯ .

Аз 30 миллион долларе, ки барои ин сохтмон пешбинӣ шуда буд, қисми асосии он кайҳо ҷудо гардидааст, аммо дар сохтмон ҳамагӣ ҳудуди 20-25 дарсади он масраф шудааст. Маблағи боқимонда дар кадом ҳисоби бонкӣ қарор дорад, маълум нест.

Дар ҳамин ҳол мақомот бори чандум аст ваъда медиҳанд сохтмони меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” соли оянда анҷом хоҳад ёфт. Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди раисҷумҳури Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода дирӯз 18.07 дар конфронси матбуотиаш гуфт: “Мутмаъинам, ки то соли оянда сохтмони ин бино пурра ба итмом мерасад”.

Ин аввалин ваъдаи мақомот барои анҷоми сохтмон нест. Аввалин ваъдаро Эмомалӣ Раҳмон дода буд ва ҳар сол ё ҳар ду сол он ваъда такрор мешавад.

Меҳмонхонаи “Исмоили Сомонӣ” дар маркази Душанбе — хиёбони Рӯдакӣ дар масоҳати 1,5 гектар сохта мешавад. Интизор меравад, ки ин меҳмонхона 350 ҳуҷра бо масоҳати умумии 20000 метри квадратӣ хоҳад дошт.

Замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон лентаи онро мебурид, гуфта буд бо анҷоми ин сохтмон 700 ҷои нави корӣ пайдо хоҳад шуд. Соли 2007 Агентии омор ин 700 ҷойи кориро ба ҳисоботи худ ворид кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *