Рубрики Хабарҳо

Қимати орд дар Тоҷикистон якбора боло рафт

Дар ҳоле, ки як ҳафта қабл қимати орд дар бозорҳои кишвар 250-270 сомонӣ буд, ҳоло ба 330-340 сомонӣ расидааст. Мақомот сабаби ҷаҳиши нархи ордро дар камбуди он дар кишвари содиркунанда — Қазоқистон медонанд.

Гуфта мешавад бориши зиёд дар Қазоқистон ва ба таъхир афтодани ҷамъоварии ҳосил, ки боиси талафоти зиёди гандум шудааст, мушкили камбуди гандум дар минатқаро ба бор овардааст. 

Ба гуфтаи тоҷирон воридоти ҳар тонна гандуми Қазоқистон ба Тоҷикистон ҳоло 350 доллар тамом мешавад, дар ҳоле, ки чанл моҳ пеш ин нишондиҳанда аз 240 то 260 доллар буд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳашт моҳи имсол аз ҷониби 61 ширкат ба Тоҷикистон зиёда аз 590 ҳазор тонна гандум оварда шудааст.

Тоҷикистон қодир нест талаботи сокинонро, ки ба гуфтаи  Вазорати кишоварзӣ тақрибан якуним миллион тонна аст аз ҳисоби кишти гандуми худӣ бароварда созад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *