Ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 1 миллиарду 677,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 дарсад камтар аст.
Хабаргузории «Авеста» бо истинод аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар хабар дод, ки воридоти коло ба ҷумҳурӣ 1 миллиарду 207,2 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 фоиз, ё худ 362,7 миллион доллар зиёд мебошад.
Дар ин давра аз ҷумҳурӣ ба маблағи 470 миллиард доллар маҳсулот содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 50,5 фоиз ё 479,6 доллар камтар аст.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон Русия – 364,9 миллион доллар, Қазоқистон – 353,9 миллион доллар, Чин – 344,4 миллион доллар мебошанд.
Афзоиши баландтарини муомилоти мол бо ин кишварҳо дар муқоиса бо як соли қабл 2,5 баробар афзоиш бо Чин мушоҳида мешавад.