Дар чанде аз деҳаҳои ҳудуди ноҳияи Айнӣ набудани нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ боис шудааст, ки сокинон дар интиқол ва гирифтани маблағи нақд ба мушкилӣ рӯ ба рӯ шаванд.
Ба нашрияи Фараж Хушбахт Боев, як сокини рустои Фатмеви ноҳия Айнӣ шикоят карда гуфтааст, дар деҳае, ки зиндагӣ мекунад ягон нуқта ё филиали хурди банкҳо амал намекунад.
Ба гуфти Боев деҳа аз маркази ноҳия дар масофаи 15 км дур ҷойгир аст. Қисме аз аҳолии деҳа дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Ҳангоме ки муҳоҷирон ба наздиконашон маблағ мефиристанд, онҳо маҷбур мешаванд, ки барои гирифтани маблағ то маркази ноҳия 15 км роҳро тай кунанд.
Хушбахт Боев бо таъкид гуфтааст, ки омӯзгорони муассисаи деҳа ва нафақахӯрон низ дар вақти гирифтани моҳона ва нафақаи худ маҷбуранд, ба маркази ноҳия оянд.
Ин сокини ноҳияи куҳистонии Айнӣ гуфтааст, ки падару модараш пиронсоланд ва худаш дар шаҳри Душанбе кору фаъолият мекунад. Волидайнаш маҷбуранд, ки бо вуҷуди пиронсолиашон ҳангоми гирифтани нафақаи худ ба маркази ноҳия раванд.
Манбаъи иттилоъ талаб кардаст, ки инро ба инобат гирифта, масъулин бояд ягон филиали хизматрасонии бонкиро дар деҳаи Фатмев ба истифода диҳанд.
Айни замон дар маркази ноҳияи Айнӣ як қатор нуқтаҳои хизматрасонии бонкӣ амал мекунанд, вале дар аксари деҳаҳои дурдасти ноҳия онҳо филиали худро надоранд.