Тайи як ҳафтаи охир соҳибкорон ва касоне, ки бо асъор сару кор доранд, дар Тоҷикистон аз камбуди доллар дар бонкҳои тиҷорӣ ва ё ташкилоти хурди қарзии ин кишвар, шикоят мекунанд.
Соҳибкорону тоҷироне, ки барои ворид кардани коло ва маҳсулот аз хориҷи кишвар ба доллар ниёз доранд, гуфтаанд, пайдо кардани он дар бонкҳо ва марокизи молии расмӣ дар Тоҷикистон имконпазир нест.
Бо баста шудани саррофиҳо дар Тоҷикистон дар се соли гузашта, бонкҳои тиҷорӣ ва ё ташкилоти хурди қарзӣ дар ин кишвар, танҳо қодир ба фурӯши 100 то 200 доллар ҳастанд, ки ин мунҷар ба камбуди шадиди доллар дар бозори муомилоти арзии ин кишвар шудааст. Замоне, ки фармони аз байн бурдани саррофиҳоро мақомот содир карда буд, сабаби асосиро ба худсарона, боло бурдани нархи асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ рабт дода буданд.
Айни ҳол бошад, ҳеҷ як мақомоти зирабт омода нест, ки сабаби нопадид шудани доллар дар бонкҳо ва марказҳои қарзии Тоҷикистонро шарҳ диҳад.
Дар бонкҳои Тоҷикистон ҳар долларро ҳашт сомониву 88 дирам ба фурӯш мерасонанд, ки қабл аз ин, ҳашт сомониву 84 то 86 дирам буд.
Ҳарчанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон аз афзоиши арзиши доллар дар баробари сомонӣ хабар медиҳанд ва мегӯянд, дар муомилоти ғайри расмӣ, акнун ҳар доллар 9 сомониву 15 дирам хариду фурӯш мешавад.
Бештари коршиносон бар ин боваранд, ки боло рафтани арзиши доллар дар баробари сомонӣ дар Тоҷикистон, таҳти таъсири таҳримҳои ҷадиди Амрико ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия қарор дорад, ки мӯҷиби уфти арзиши рубли русӣ низ шудааст.
Ба ин далел муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар Русия низ маҷбӯр мешаванд аз хариди доллар худдорӣ ва даромади худро ба рубл ба Тоҷикистон ирсол кунанд