Рубрики Хабарҳо

Ғӯлҳои фанноварӣ 50 ҳазор коргаронашонро дар як моҳ ихроҷ карданд

Ширкатҳои бузург ва кӯчаки фаъол дар ҳавзаи фановарии иттилоот пас аз афзоиши талаботи маҳсулот ва хадамоти онҳо дар давраи вазъи маҳдудиятҳои иҷтимоӣ ва афзоиши дуркорӣ (кори онлайнӣ аз хона) дар пайи ҳамагирии вируси коруно рух дод, даст ба истихдоми густурдаи нерӯи кор заданд. Коркуноне, ки аксари онҳо дуркорӣ мекарданд ва мӯҷиби афзоиши қобили таваҷҷуҳи ҳазинаҳои собити ин ширкатҳо ҳамонанди харид ё иҷораи дафтари кор намешуданд вале дар иваз ба афзоиши фурӯш, суду афзоиши қимати саҳом ин ширкатҳо кумак мекарданд. 

Аммо бо фурӯкаш кардани мавҷи талаботи ҳосил аз ҳамагирии вируси коруно аз як су ва низ коҳиши равнақи иқтисодии ҷаҳон ба далели паёмадҳои ҳамлаи низомии Русия ба хоки Укроин, афзоиши қимати энергӣ ва таваррум, ширкатҳои фаъол дар ҳавзаи фановарӣ ихроҷи густурдаи нерӯи кори худро оғоз кардаанд. 

Танҳо дар як моҳи гузашта наздик ба 50 ҳазор нафар аз коркунони ин ширкатҳо ихроҷ шудаанд, ҳаракате, ки аз августи гузашта оғоз шуда ва бо гузашти замони шакли фарогиртари ба худ гирифтааст. 

Августи 2022 

“Снапп”: ширкати платформи расонаҳои иҷтимоӣ “Снапп чат” эълом кард, ки 20 дарсад аз коркунони худро ихроҷ мекунад. Теъдоди коркунони Снапп дар солҳои ахир ба беш аз 5600 нафар расид. Ин ширкат дар он замон эълом кард, ки ҳатто пас аз ихроҷи беш аз ҳазор нафар, теъдоди коркунони он ҳамчунон бештар аз соли гузашта хоҳад буд. 

“Робин Гуд”: ширкате, ки аз тариқи апликейшни худ ба ироаи хадамоти молӣ мепардозад, теъдоди кормандонро то ҳудуди 23 дарсад ё тақрибан муодили 780 нафар коҳиш дод. Ин ширкат дар даври пешини ихроҷ дар соли 2021, 9 дарсад аз нерӯи кори худро коҳиш дода буд. 

Ноябри 2022 

“Твиттер”: ҳудуди ниме аз 7500 коргарони ин расонаи иҷтимоӣ пас аз таъаллуқ гирифтани он ба Илон Маск, ихроҷ шуданд. 

“Лифт”: ширкати ҳамлу нақли шаҳрӣ эълом кард, ки 13 дарсад аз нерӯи кори худро (муодили 700 нафар) коҳиш медиҳад. 

“Мето”: ширкатмодари Фейсбук, Инстаграм ва Вотсап, 11 ҳазор нафар, ки ҳудуди 13 дарсад нерӯи кори ин ширкатро шомил мешуд, ихроҷ кард. 

Январи 2023 

“Амазон”: ғӯли тиҷорати электроник эълом кард, ки бояд ҳудуди 18 ҳазор ҷойи кори худро коҳиш диҳад. Ин иддаи бисёр кам аз 1.5 миллион нерӯи кори ҷаҳонии ин ширкат аст. 

“Салсефорс”: ин ширкати нармафзорӣ низ 10 дарсад аз нерӯи кори худро, ки ҳудуди 8 ҳазор нафар мешавад, ихроҷ мекунад. 

“Коинбас”: ин платформи муомилоти арзҳои диҷитал тақрибан 20 дарсад аз нерӯи кори худ ё ҳудуди 950 шуғлро дар даври дувум ихроҷ дар камтар аз як сол коҳиш медиҳад. 

“Майкрософт”: ин ширкати нармафзорӣ ҳам эълом кард, ки ҳудуди 10 ҳазор шуғлро, ки муодили 5 дарсад аз нерӯи кори ин ширкат аст, ҳазф мекунад. 

“Гугл”: ин ғӯли матори ҷустуҷӯ ҳам аз қасди худ барои ихроҷи 12 ҳазор нафар ё 6 дарсади коргарони худ хабар дод. 

“Спотифя”: сервиси пахши мусиқӣ низ 6 дарсад аз нерӯи кори ҷаҳонии худро, ки ҳудуди 400 нафар аст, ихроҷ мекунад. 

“Форд”: худравсози амрикоӣ ҳам рӯзи душанбе эълом кард, ки се ҳазору дусад ҷойи кории худ дар корхонаҳои мустақари ин ширкат дар хоки Аврупоро коҳиш медиҳад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *