Рубрики Хабарҳо

Сохтмони боғ донишгоҳи Кӯлобро 5 млн қарздор кардааст

Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, ки соли гузашта бо сохтмони боғе дар пешвози раиси ҷумҳури Тоҷикистон саҳм гирифт, 5 миллион сомонӣ (муодили ним миллион доллар) қарздор шудааст.

Боғи ба номи Сайдалӣ Вализодаро дар масоҳати беш аз 3 гектар ширкати «Фаридун» сохт ва онро моҳи сентябри соли гузашта ҳангоми сафари президент Раҳмон ба Кӯлоб ба истифода доданд.

Абдусалом Мирализода, раиси Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб, чанд рӯз пеш ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт: «Баъзе аз соҳибкорони бечора гиря мекунанд, ки ба Шумо боғ сохтем, пули моро диҳед. Хайр, ман чӣ гӯям? Мегӯям, Шумо аввал фикр накардед, ки донишгоҳ аст ва пулро аз куҷо меорад?»

Нигаронии дигари маъмурияти донишгоҳ аз он аст, ки ҳанӯз масъалаи қарзро ҳал накарда, «баъзе ҷойи боғ таъмирталаб шудааст». Ба гуфтаи онҳо, баъзе аз сохтмонҳои дохили боғ вайрон шудаанд.

Як устоди Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб бо шарти фош нашудани номаш гуфтааст, шояд як сабабаш ин аст, ки бахше аз боғро муаллимон дуруст кардаанд ва аз азбаски ҳирфаӣ набуданд, эҳтимол кӯтаҳӣ сар задааст.

Соле пеш дар ҳамин шабу рӯз Радиои Озодӣ гузориш дод, ки гурӯҳе аз устодони Донишгоҳи Давлатии шаҳри Кӯлоб белу каланд дар даст ба ҷойи истироҳат иҷборан ба кор дар сохтмони боғ ҷалб шудаанд. Аммо хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон моҳи сентябри соли гузашта дар иттилоияи расмӣ навишт, «корҳои сохтмону барқарорсозии боғи мазкур дар давоми чор моҳ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.»

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *