Рубрики Хабарҳо

Пешвои ошхӯрҳо

Ин ҳафта дар Тоҷикистон Меҳргонро ҷашн гирифтанд. Ҷашне, ки солҳо садсолаҳо фаромӯш шуда буд ва бо ибтикори ҳукумати ҷашновари Тоҷикистон дубора зинда гардид. 

Дар шаҳрҳои хурду бузурги кишвар ин ид бо тантана ва пӯхтани чандин тонна палав таҷлил шуд. Мақомоти баландпояи кишвар, ки дар ин ҷашнҳо ширкат карданду палав хӯрданд, таъкид намуданд, ки “ҷашни Меҳргон ойини бисёр бостонӣ, мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба ҳисоб меравад. Меҳргон дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад”.

Ошхӯри рақами аввали кишвар идро дар вилояти Суғд пешвоз гирфт ва ҳатто дар мусобиқаи ошхӯрон доварӣ кард. Чанд ошхӯри “варзида”-и Суғд дар ҳузури пешвои ошхӯрон дар масофи ҳам қарор гирифтанд ва чанл кило оши аз пули буҷа, аниқтараш аз ҳисоби мардум, чӣ сарватманду чӣ бенаво омодашударо нӯши ҷон карданд. Пешвои ошхӯрон бо даҳони бо моск басташуда байни онҳо доварӣ кард ва муайян намуд, ки кадоме аз ин пайравони инкамбааш дар хӯрдан метавонанд бо ӯ сабқат кунанд. 

Сафарҳои қаблазинтихоботии ошхӯри №1-ро, ки бо вуҷуди бедодиҳои мавҷи дувуми вируси коруно ноҳия ба ноҳи мегашту ош мехӯрд, бештари коршиносон ба кампини пешазинтихоботӣ рабт дода буданд. Коршиносон ба ин назар буданд, ки Эмомалӣ Раҳмон сафари кориро баҳона карда, худро қабл аз интихобот таблиғ мекунад. Аммо ҳоло маълум шуд ӯ на парвои интихобот доштаасту на кампину таблиғи интихоботӣ. Воқеъан, чаро ӯ парво кунад, вақте медонад на танҳо мардум, балки ҳатто худи рақибонаш ба ӯ овоз медиҳанд? Кадоме аз шумо, хоанадагони гиромӣ шубҳа доред, ки Абдуҳалим Ғаффорзода, Меъроҷ Абдуллоев ё Рустам Латифзода ба Эмомалӣ Раҳмон неву ба худаш овоз додааст? Ҳар касе шубҳа дорад, рақибони Раҳмонро таҳқир кардааст. 

Баргардем сари ош. На танҳо ошхӯрҳо байни ҳам мусобиқаи ошхӯрӣ карданд, балки мақомоти шаҳру ноҳияҳо ҳам бар пӯхтани ош бо ҳам мусобиқа доштанд ва ҳаҷми ошҳои пӯхташудаву ба ҷиғилдони асосан мансабдоронрехта даҳҳо тонро ташкил медод. Барои мисол ёвониҳо дар Бохтар, маркази вилояти Хатлон бо пӯхтани 1 тонна ош ғолиби озмун донита шуда, “сазовори ҷоизаи раиси вилоят” шуданд. Ҳамчунин Қурбон Ҳакимзода ба ““Сабзирезакуни беҳтарин”, “Ошпази беҳтарин” ва “Ошхӯри беҳтарин” ҳадяҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро тақдим намуд”.

Кишваре, ки пуле надорад то моҳонаи муаллимонро пардохт кунад, ба табибони дастбагиребон бо коруно як либоси муҳофизати харидорӣ намояд, доруе барои ҳади ақал мӯйсафедони ҳар рӯз тӯда-тӯда аз вирус ҷондиҳанда ворид созад, дар саросари манотиқаш ҷашни ошпазиву ошхӯрӣ таҷлил мекунад. “Пешво”-е, ки ҳади ақал 30 дарсади табаъааш ошро дар як моҳ як бор намебинад, бо пуррӯии тамом муқобили чанд ишкамба менишинад ва барояшон доварӣ мекунад. 

Фикр накунед, ки мо ӯро танҳо барои ҳамин кораш “пешвои ошхӯрҳо” номидем. Трюки таблиғотии тозакашфкардаи имиҷмейкерҳои ин пешвои шикам — меҳмонӣ дар хонаи шаҳрвандон нишон дод, ки тамоми лаёқату ҳунар ва ҳатто андешаву орзуҳои ӯ бо ҳамин дастархон, пӯхтану хӯрдану нӯшидан тамом мешавад.

 Дар чанд меҳмонӣ, ки ҳузур дошт, раисҷумҳури як кишвари 9 миллионӣ, кишваре, ки 2 миллион шаҳрвандаш барои дарёфти нон ба хориҷ мераванд, кишваре, ки ҳатто 20 дарсади шаҳрвандонашро натавонистааст ба кор таъмин кунад, кишваре, ки воридоташ аз содироташ 3 баробар бештар асту содироташ танҳо ва танҳо маҳсулоти хом, нишон дод, ки ҳарфе барои гуфтан бо мардум надорад. Нишон дод, ки ин ҳама сол фикру зикру андешаву оянданигариҳояш танҳо ба хӯрдану нӯшидан бастагӣ доштааст. Нишон дод, ки вусъати андешаи “пешво” дар сарҳади як дастархон маҳдуд аст ва ҷуз хӯрданӣ чизеро намебинад.   

Бо шавқу эҳсосоту ҳавсалаи тамом дар меҳмониҳояш дар бораи қурутобу шакароб, угрову фатир, ширкадуву дуди маска ҳарф заданашро, ки зимни он чашмонаш аз хушбахтӣ барқ мезад дидед? Куҷо ва дар кадом баромади расмиаш ӯро чунин хушҳолу эҳсосотиву хушбахт дида будед? Ман боре ӯро чунин хушбахту пурэҳсос дида будам: вақте бо сарояндаи дӯстдоштааш Парда Қосим “Тоҷикистон аз манӣ”-ро месароид. Яке аз ҳавасу орзуҳои амалинашудаи ӯ сароянда шудану саҳнаро ба шӯр овардан аст. 

Нигоҳи пур аз ҳавасашро ба он чанд ишкамба, ки дулунҷа ош мезаданд мушоҳида кардед? Медонед ин “пешвои муаззами миллат”, ва “наҷотдиҳандаи сайёра” ба чӣ ҳавас мекард? Мутмаъинан, ӯ бо худ мегуфт “агар раисҷумҳури ин кишвар намебудаму мақомам бароям иҷоза медод, ман ба шумо ошхӯриро нишон медодам!”

Мусибати бузургтар аз ин ҳама ин аст, ки тамоми ин масхара дар ҳама шабакаҳои телевизионии кишвар намояш дода мешуданд. Бевазаноне, ки барои ду нони ятимонашон тамоми рӯз заҳмат мекашанд ҳамроҳ бо кӯдакони ҳамеша нимгурснаашон, мӯйсафеду кампирҳое, ки фарзандонашон дар мусофират дармондаву гирифтори карантин шудаанд ва ним сол аст, ки тине нафиристодаанд ва хӯроки набераҳояшон субҳу нисфирӯзиву шом нони дар чой таркардашуда аст, мардоне, ки баста шудани роҳҳо аз муҳоҷират боздошт ва аз ин ки имсол наметавонанд ба зану фарзандашон ҳатто як кило гушт дар моҳ харидорӣ кунанд шармандаанд, ин трагикомедияро тамошо карданд. Миллионҳо нафар бо оби даҳон ба ин саҳна менигаристанд, ки чӣ гуна чанд ишкамба дар ҳузури пешвои ишкамбатарашон оши сергӯшту серравғанро нӯши ҷон мекунанд. 

Ҳар сол ин гуна идҳо пурдабдабатару серхароҷоттар мешаванд. На вирус монеъи он мешавад ва на бепулӣ. Медонед чаро? Дар ин 28 соли ҳумрониаш бо тадриҷ тамоми ҳукуматашро то майдатарин раиси ҷамоъат аз нафароне мисли худаш шикамбаву чашмгурасна ташкил додааст. Онҳо ба ин гуна ҷашну намоишгоҳҳо аз пешвояшон дида ошиқтару мӯътодтаранд. Онҳо оши гӯё барои мардум пӯхташударо бо тағора ба хонаашон мекашонанд, маҳсулоти дар намоишгоҳҳо ҷамъоваришударо халта-халта ба мошинҳояшон бор мекунанд. Ҳар меҳмонии Ошхӯри №1-ро ба василаи ҷамъоварии захираи дусолаи хӯрокиашон табдил додаанд. 

Фикр мекунед деҳқоне, ки картошкаву каду харбузаву асалашро ба намоишгоҳ овардааст аз он пуле ба даст меоварад? На! Ин иду намоишгоҳҳо аҷали деҳқону соҳибкор аст. Баробари тамом шудани намоишгоҳҳо сар аз раисони ҷамоъату кормандони оддии ҳукумат то он гурӯҳи 400-нафарие, ки ҳамеша пешвояшонро ҳамроҳӣ менамоянд, шурӯъ мекунанд ба талаву тороҷи тамоми маҳсулоте, ки дар намоишгоҳ ба марази тамошо гузошта шудааст. Ин гуруснаҳо на аз бардоштани халтаи картошка парҳез мекунанд ва на аз дуздидани шишаи асал. Ҳарчи ба дасташон хӯрд ба мошинашон мекашонанд. 

“Ту гурусна нестӣ” гуфтани Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустамро дар хотир доред? Ӯ, ки боре ҳам аз ҳоли ҳеҷ атбоаш хабар нагирифтааст, аз куҷо медонад, ки касе гурусна аст? Бале, ӯ ҳамин лашкари малахии худашро, ки баъди ҳам намоише ба маҳсулот дармеафтад мушоҳида кардааст ва фикр мекунад тамоми мардум мисли ҳамин малахҳои худаш гурунаанду танҳо Рустамаш сер.  

Чанд диктотури дигар, ки шукри Худо ададашон дар ҷаҳон бо суръат кам мешавад, бо шурӯъи ин пандемӣ дар бункерҳояшн пинҳон шудаанд ва кишварашонро аз дохили бункер идора мекунанд. Зеро мурданивор аз вирус, ки метавонад ҷонашонро гирад, метарсанд. Аммо барои ин диктотури шикам ҳатто вирус таҳдид нест. Ӯ он қадар маҷзубу мӯътоди таъзиму ситоиши мардум, дидану хӯрдану бурдани иду ҷашнҳо аст, ки наметавонад чанд рӯзе аз мардум пинҳон бимонад. 

Ба хотир доред, вақте пандеми тоза шурӯъ шуда буд чанд ҳафтае ғайб зад? Зоҳиран натавонист бидуни таъзиму тамаллуқ васфи кадуву картошка ва курутобу фатирмаска боқӣ бимонад. 

Эй кош дар ҳамон бункераш мемонду ақалан нодорону гуруснагон аз шараш дар канор буданд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *