Хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон “Ховар” рӯзи 15-июл хабареро зери унвони “Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ТЭТ ҲНИТ-ро дар қатори ДИИШ ба рӯйхати созмонҳои террористӣ шомил намуд” нашр намуда буд.
Ин хабар он қадар ғайрикасбӣ ва пурдурӯғ буд, ки ягона натиҷааш метавонист шармандагии худи хабаргузории расмии давлати Тоҷикистон бошад: дар ҳоле, ки худи Тоҷикистон узви СҲШ мебошад ва дар ҳар тасмимгирии ин созмон ширкат мекунад, “Ховар” 15 июли соли 2017 хабареро бо истинод ба “расонаи бонуфузи хабарии Олмон «Abendzeitung Munchen»” нашр мекунад, ки гӯё ин расона бо истинод ба сомонаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай 29 январи соли 2016 хабар додааст, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти рақами №79, ба рўйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шуд. Яъне хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон, ки камтарин камбуди мухолифонро пайгирӣ мекунад ва аз кӯчактарин муваффақияти ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон билофосила хабар медиҳад, аз ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ шомил шудани ҲНИТ якуним сол пас(!) он ҳам аз як расонаи немисӣ ки гӯё моҳи январи соли 2016 ин хабарро нашр кардааст, ногоҳ бохабар мешавад! Ҳатто на аз сомонаи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, ки «Abendzeitung Munchen» гӯё ба он истинод кардааст. Ин ҳам линки сомонаи расонаи немисӣ, ки “Ховар” аз он истинод кардааст: Хонандаи гиромӣ метавонад хабарро дар он ҷустуҷӯ кунад (ва агар пайдо кард, лутфан моро ҳам хабардор кунад).
Ҳукумати Тоҷикистон, ки тибқи иттилои манбаъи “Паём” дар ду нишасти охири Созмони ҳамкории Шанхай тамоми кӯшиши худро ба харҷ дод ва аз тамоми васоил — сар аз пешниҳод то фишор истифода кард, то ин созмон ҲНИТ-ро чун ташкилоти ҳади ақал экстремистӣ бипазирад, намедонист ки дар асл ҲНИТ кайҳо аз тарафи СҲШ террористӣ эълон шудааст. Ва ногаҳон, як мутахассиси немисидони “Ховар” бо сабаби номаълуме ба сомонаи расонаи немисие сар зад ва маълум кард, ки рақиби аслии давлати Тоҷикистон кайҳо террористӣ эълон шуда будааст (пешбинӣ мешавад он мутахасиси кордон ҳатман мансабе гирифтааст). Баъдан “Ховар” ба ҷустуҷӯ пардохт ва чанд “маълумот”-и дигаре ҳам пайдо кард:
- “Ҷомеаи олмонӣ, ки аз амалишавии силсилаактҳои террористӣ сахт нигарон мебошад, аз ҳузур ва баромадҳои эътирозии Кабирию пайравонаш (ҳарчанд таъсиргузор набошанд ҳам), аз он ки дафтари ин ҳизби террористӣ дар қаламраваш қарор дорад, дар ташвиш афтодаанд” (иқтибос аз “Ховар”) Ҳоло ин хабаргузорӣ чӣ гуна аз нигаронии мардуми Олмон дарак ёфтааст, дар ҳоле, ки ҳеҷ манбаеро зикр намекунад, номаълум боқӣ мемонад. Шояд ҳамон Ҷомӣ Амиршоев хабар додааст, ки ба ин хабаргузорӣ мусоҳиба дода буд?
- “Наҳзатиёни фирорӣ дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ барои амалӣ кардани мақсадҳои худ, ба ҷалби муҳоҷирон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ, инчунин ташвиқоту тарғибот машғуланд. Дафтари онҳо барои пурра намудани сафи ҷангиёни ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, ки дар Ховари Наздик меҷанганд, истифода мешавад. Дар ҳамин ҷо иртибот бо таблитғгарони гурӯҳҳои террористӣ барқарор мегардад, шартномаҳо ба имзо мерасанд, аъзои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ гурехтаи ҲНИТ паноҳ меёбанд” (иқтибос аз “Ховар”). Дар ҳоле, ки Аврупо барои ҷанг бо ДИИШ ва пешгирии амалиётҳои террористӣ дар дохилаш миллиардҳо доллар масраф мекунад, аз ҳамкории ҲНИТ бо ДИИШ бехабар, ба аъзои он паноҳандагӣ ва ва иҷозаи кушодани дафтар медиҳад. Вале “Ховар” аз Тоҷикистон истода тадқиқоти журналистӣ мебарад ва ҷиноятҳои ҲНИТ-ро ошкор месозад. Мақомоти амниятии Аврупо бояд тадқиқотбариро аз “Ховар” биёмӯзанд!
Аз ҳамин гуна “факту далелҳо”-и зиёд дар он “мақолаи тадқиқотии” хабаргузории расмии давлати Тоҷиикстон оварда шуда, манбааш ҳам дақиқ зикр шудааст: Матлаби мазкур дар асоси ахбори ВАО-и хориҷӣ таҳия шуд
Мо бо овардани ҳамин ду мисол иктифо мекунем. Хонанда метавонад худаш бо нохун занад “факту далелҳо”-и “Ховар”-ро бубинад.
Мутаассифона дар ҳамон як манбае, ки “Ховар”-и бечора зикр кардааст, аслан на дар 29-январи соли 2016 на дар ҳеҷ санаи дигаре, хабаре нест. Шояд баъди тадқиқот ва фошсозии “Ховар” масъалини он расонаи немисӣ аз ҲНИТ тарсида он мақоларо бардоштаанд?
Дар асл, “Ховар” ин тадқиқоташро аз ду расонаи фейкии вобаста ба КДАМ — “Ҳамсинф” ва “Ориёно” “дуздидааст”. Бо гумони ғолиб он мақолаҳоро дар худи “Ховар” таҳия намуда дар он ду сомона нашр кардаанд. Ва “ВАО-и хориҷӣ” ҳам, ки хабаргузории расмии давлатӣ ба он истинод кардааст, ҳамин ду расона мебошанд. Ва на он қадар дурӯғ гуфтааст — ҳади ақал “Ориёно” дар Русия ба қайд гирифта шудааст.
Ин хабар “Ховар”-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ хандахариш кард. Бахусус баъди посухи ҲНИТ, ки “манбаъ”-ҳои хабаргазории расмии Тоҷикистонро ошкор сохт.
Вале пас аз тадқиқоти 5 -рӯза, муҳаққиони “Ховар” “далел”-и наве пайдо кардаанд. Ва дар як баёнияи расмӣ бо унвони пурғулғӯлаи Изҳороти АМИТ «Ховар» вобаста ба ворид кардани ҲНИТ ба Феҳристи ташкилотҳои байналхалқии террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ аз ҷониби СМЗТ СҲШ” нашр кардаст.
Ин “далел” иқтибос аз суханронии муовини Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Мукашев Ахат Габбасович дар ҷаласаи гурӯҳи кории Лоиҳаи KALKAN дар самти фаъолияти Интерпол ва политсияи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон аст, ки дар он ӯ ҲНИТ-ро дар қатори созмонҳои “Давлати исломӣ”, “Ҷабҳат-ун-Нусра”, “Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ”, “Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ” зикр карда гуфтааст, ки дар мафриди онҳо… табодули маълумот сурат мегирад. Ва “манбаъ”-ро ҳам зикр кардааст: Муроҷиат карда шавад ба маводи ҷаласаи гурӯҳи кории Лоиҳаи KALKAN оид ба фаъолияти Интерпол ва политсияи ҶИЭ, ш. Теҳрон, 11-12-уми июли соли 2017. Хонанда ин маводро бояд аз куҷо пайдо кунад, “Ховар” зикр карданро “фаромӯш” кардааст. Ҷустуҷӯи он дар интернет ҳеҷ натиҷае надод. Фаразан ин мавод вуҷуд дорад, вале он чӣ далеле ба террористӣ эълон шудани ҲНИТ аз тарафи СҲШ буда метавонад?
Барои пуртаъсиру воҳиманок шудани “тадқиқот”-аш “Ховар” якбора 4 “далел”-ро зикр кардааст:
- Қарори Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар бораи терроистӣ хондани ҲНИТ;
- Ҳамон “хабар”-и расонаи немисӣ, ки то ҳанӯз касе надидааст;
- Суханронии Ахат Мукашев;
- Дар ҷустуҷӯи интерпол қарор доштани Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ.
Фаразан агар он хабари мавҷуднабудаи расонаи немисӣ ва баромади Мукашев далел ҳисоб шавад, қарори Додгоҳи Олӣ ва дар ҷустуҷӯи интерпол қарор доштани Муҳиддин Кабирӣ чӣ дахле ба ин масъала дорад, ки “Ховар” онҳоро чун далели терррористӣ шинохта шудани ҲНИТ аз тарафи СҲШ зикр кардааст?
Шояд хабаргузории расмии давлатии Тоҷикистон мехоҳад бо ин дуруӯғпароканиаш хонандаро гӯл занаду ба ҲНИТ зарбаи равонӣ ворид созад. Вале магар намедонанд, ки умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва соҳибашро шарманда мекунад?
Ба хусус вақте соҳиби ин дурӯғи болохонадор хабаргузории расмии як давлат бошад.