Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ: қарори террористӣ эълон кардани ПМТ бо фармони раисҷумҳур ва бидуни аризаи даъвогиву мурофиъа содир шудааст (Видео)

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯи мустақимаш бо мардум, ки соате пеш ба анҷом расид, раванди тафтишот, мурофиъаи додгоҳӣ ва содиркунии қарор дар бораи террористӣ эълом кардани Паймони миллиро зери суол бурд ва гуфт, бо гумони ғолиб ҳеҷ дархосте аз тарафи Додситонии кулл ворид нашудааст, мурофиъае баргузор нагардидааст ва қарор ҳам дар ҳамин ду ҳафтаи охир бо супориши раисҷумҳур содир шудааст. 

Раҳбари ПМТ гуфт тибқи қонунгузории Тоҷикистон билофосила баъди содир шудани ҳукм, он бояд расонаӣ шавад, ба вакили дифоъи айбдоршаванда ва худи ӯ нусхаи қарор фиристода ё супорида шавад. Аммо Додгоҳи Олӣ, ки гӯё ҳукмро 15 август содир кардааст, онро танҳо 11 октябр, бо гузашти наздик ба ду моҳ расонаӣ кардааст. 

Ӯ ҳамчунин гуфт террористӣ эълон кардани як созмон ва билхусус иттиҳоде, ки ба он 4 ҳизбу созмон ворид шудаанд кори осон нест ва муддати тӯлонии баррасиро мехоҳад. “Суол ба вуҷуд меояд, ки таърихи ворид шудани аризаи даъвогии Додситонии кулли Тоҷикистон кай будааст ва агар дар таърихи 15 август қарор содир шудааст, муҳокама чӣ муддат ва чӣ гуна давом кард? Муҳокимаи ошкор буд ё махфӣ, шоҳидҳо киҳо буданд ва дар асоси кадом моддаҳои қонун, дар асоси кадом далелҳо ин аризаи даъвогии Додситонии кулл қонеъ гардонида шуд? Ва аз ҳама саволи муҳим: чаро бо таъхири думоҳа ин хабар расонаӣ шуд?” – суолгузорӣ кард Кабирӣ.

Раҳбари Паймони Миллӣ гуфт “мо агар ҳамин ин суолҳоро паҳлӯи ҳам гузорем, мебинем, ки на танҳо қонуншикании ошкор аз тарафи мақомоти кишвар, бахусус Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рух додааст, балки инҷо паҳлӯҳои дигаре ошкор мешавад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ қарори Додгоҳи Олии ҶТ санаи 15-уми август гирифта нашудааст ва эҳтимоли зиёд дорад, ки ҳеҷ гуна даъвои Додситонии кулл вуҷуд надорад ва ҳеҷ гуна маҳкамае ҳам дар бораи Паймони миллии Тоҷикистон баррасӣ нашудааст”. 

Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин чанд далелеро зикр кард, ки тибқи гуфтаи ӯ, ба ин хулоса далолат мекунаанд:

1. Агар Додситонии кулл мехост, ки даъвоеро алайҳи Паймон пешниҳод кунад, ин ягон кори пинҳонӣ нест ва бояд, ки як даъвои расмиву ошкор ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон пешниҳод мекард. Вақте ки дар бораи оғози парванда бар бораи хурдтарин ҷиноят расонаӣ мешавад, чӣ гуна мешавад оғози парванда дар бораи иттиҳодеро, ки ба он 4 созмон шомиланд ва оппозитсионӣ ҳам ҳаст, ҷомеъаро дар ҷараён нагузошт?

2. Додгоҳи Олӣ баъди ворид шудани дархости Додситонии кулл эълон накард, ки чунин аризае аз тарафи Додситонии кулл ворид шудааст. 

3. Ҳукмро баъди 2 моҳи қабул шудани он эълон карданд. 

Раҳбари Паймони миллӣ гуфт “ҳам ин далелҳо гувоҳанд ва ҳам тибқи маълумоте, ки мо аз манобеъи мӯътамад дар Душанбе дарёфт кардем, ин қарор баъди нишасти САҲА дар Варшава (16-26 сентябр; Паём) дар як ҳолати эҳсосотиву асабонӣ ва саросемавор гирифта шудааст. Ва барои пинҳон кардани ин саросемагӣ аз мардум ва коршиносон, эълон карданд, ки қарор гӯё 15 август қабул шудааст. Дар асл тибқи маълумоти ба дасти мо расида ин фармон аз тарафи шахси раисҷумҳур содир шудааст ва мақомот маҷбур ба иҷрои он шудаанд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *