Сироҷиддин Мӯҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, изҳороти генерал Абдулло Навҷувонов дар бораи Ботканд, назари расмӣ набуда, танҳо фикри шахсии хқди генерал аст. Аммо даъвои дигари генерал дар бораи ҳимояти Саудӣ аз Ихвон-ул-муслиминро шарҳ надод.
Қаблан сардори Раёсати ВКД дар Суғд Абдулло Навҷувонов баҳсбарангез гуфта буд Ботканд аслан тоҷикнишин буда, “гузаштагони мо қирғизҳоро ба онҷо оварда ҷо доданд, ки имрӯз мушкилзо шудааст”. Ин изҳороти генерал аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ истиқболи густарда ёфт, аммо боиси ба ВКХ Қирғизистон эҳзор шудани сафири Тоҷикистон гашт.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз 18 феврал дар нишасти хабариаш гуфт ҳарфҳои генерал Навҷувонов дар нишастҳои расмӣ садо надодааст ва назари расмӣ ба шумор намеравад. Вазир қайд кард, ки “ибрози назари генерали тоҷик бояд аз сӯи таърихнигорон ва бостоншиносон дақиқ карда шавад”.
Абдукарим Олимбоев, сардори ситод ва муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои кишвараш гуфт, “Бодканд ҳеч гоҳ аз тоҷикон набуд ва нахоҳад шуд. Бодканд аз аввал замини қирғизҳо буд ва аз қадим боз мардуми қирғиз дар онҷо зиндагӣ мекунанд”.
Дар ҳамин ҳол Сироҷиддин Мӯҳриддин даъвои дигари сардори Раёсати ВКД дар Суғдро, ки дирӯз иддаъо кард пайравони Ихвон-ул-муслимин дар Тоҷикистон аз тарафи Арабистони Саудӣ пуштибонӣ мешаванд, шарҳ надод.
Гуфтанист дирӯз генерал Навҷувонов дар нишасти хабариаш хабар дод, ки дар ду моҳи гузашта шумори зиёде аз пайравони Ихвон-ул-муслимин дар вилояти Суғд боздошт шудаанд. Ӯ гуфт ин созмон аз соли 1999 дар вилояти Суғд фаъол буда, ах ҷониби Арабистони саудӣ пуштибонӣ медидааст
Ин даъвои генерали тоҷик дар ҳолест, ки Арабистонӣ Саудӣ аз душманони аслии “Ихвон-ул-муслимин” ба шумор рафта, солона садҳо миллион доллар барои мубориза бо он ҷудо мекунад.