Рубрики Хабарҳо

Футбол: АМА ва Саудӣ мусовӣ карданд, Тоҷикистон ноком шуд

Дирӯз, 26 март  футболбозони тоҷик  дар бозии охирини гурӯҳи “F” дар  шаҳри Тошканд вохӯриро бо мизбонони ин гурӯҳ-дастаи мунтахаби олимпии Узбекистон бо натиҷаи мусовии 0:0 анҷом доданд

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз бозиҳои финалии Чемпионати Осиё оид ба футбол, ки соли оянда дар Тайланд мегузаранд, дар канор монд.

Дар бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё дар гурӯҳи “F”  дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрии аввал бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон бо натиҷаи 2:0 ғалаба карда, дар маҷмӯъ соҳиби 4 имтиёз ва ҷои дуюм шуд.  Аммо шумораи голҳои ками олимпичиёни тоҷик ба онҳо имкон надод, ки аз зинаи дуюм ба бозиҳои финалӣ роҳхат гиранд.

Дар баробари ин 4 дастаи гурӯҳҳо- Австралия, Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ аз зинаи дуввум иштироки худро дар бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё ҳифз карданд.

Дар ин раддабандӣ дастаҳои мунтахаби Эрон, Сурия ва Арабистони Саудӣ, ки бозиҳояшон баъди вохӯрии дастаҳои мунтахаби Узбекистон ва Тоҷикистон 0 бар 0 барпо гардид, барои худ натиҷаҳои мувофиқ ҳосил карданд. Ироқ ва Эрон- 0 бар 0, аз гурӯҳи “С”, Арабистони Саудӣ- АМА- 1 бар 1, аз гурӯҳи “Д” ва Урдун – Сурия-1 бар1, аз гурӯҳи “Е”

Дар вақти холшуморӣ таносуби тӯбҳо ва  огоҳиҳо ба назар гирифта шуд ва дастаҳои мазкур аз  дастаи мунтахаби Тоҷикистон пеш гузаштанд.

Коршиносони ин намуди варзиш мегӯянд, бозии дастаҳои мунтахаби Арабистони Саудӣ ва Аморати мутаҳида араб, ки мусовӣ бар ҳисоби 1 бар 1 анҷом шуд, месазад тахмин зад, ки бо гуфтушуниди пешакӣ байни дастаҳо суръат гирифтааст. Зеро, агар яке аз ин ду даста ғолиб меомад, якеаш аз гурӯҳ меафтод ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба бозии минбаъдӣ роҳ меёфт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *