Podrobno.uz аз қавли муовини вазири энергетикаи Узбекистон Шерзод Хоҷаев менависад: Узбакистон тасмим гирифтааст, ки истифодаи пурраи ҳалқаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказиро бо пайваст кардани Тоҷикистон ва Туркманистон ба роҳ монад.
Шерзод Хоҷаев мегуяд, «Вақтҳои охир мо ҳамгироии минтақавиро дар соҳаи барқ пурзӯр кардем. Пештар мо фақат дар тобистон бо ҳамсоягон нерӯи барқро харидуфурӯш мекардем, аммо дар якуним соли охир мо тамоми сол ба ҳамкорӣ шурӯъ кардем. Ин аз он сабаб аст, ки сохторҳои энергетикии кишварҳои минтақа ҳусни тафоҳум расиданд. Аз ин лиҳоз, Ӯзбекистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ қарор дорад, аз мавқеи худ истифода хоҳад кард.
Ба гуфтаи Шерзод Хоҷаев амалиётҳои содиротӣ-воридотӣ дар доираи ҳалқаи ба истилоҳ ягонаи энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ сол аз сол меафзояд. Ҳоло Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон дар доираи ҳалқаи энергетикӣ пурра кор мекунанд. Ва инчунин корҳо барои пайвастани Тоҷикистон идома доранд, ки он дар соли 2021 ба итмом мерасад.
Муовини вазири энергетикаи Узбекистон изҳор намуд, ки Ҳоло Узбекистон бо Тоҷикистон параллел кор намекунад, яъне барқро танҳо дар мавсим — аз моҳи май то август Узбекистон аз Тоҷикистон ворид мекунад. Ҳамин ки пурра ҳалқа барқарор шуд, мо метавонем тамоми сол бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунем «