Рубрики Хабарҳо

Писари Муҳаммадалӣ Ҳаит дар бораи карантин ва зиндон

Фирӯзи Муҳаммадалӣ, писари зиндонии сиёсӣ, ҷонишини раиси ҲНИТ Муҳаммадалӣ Ҳаит, ки бо ҳукми абад дар зиндон ба сар мебарад, навиштаи эҳсосотие дар саҳифаи фейсбукии худ нашр кардааст. Ӯ аз таҷрибаи хонанишинӣ дар замони карантин қисса карда, ба ёди зиндониёне рафтааст, ки 5 сол аст паси деворҳои сарди зиндон ба сар мебаранд. 

Мо тасмим гирифтем навиштаи Фирӯзро бидуни таҳрир нашр намоем6

Дар холи ҳозир аз сабаби пандемияи Covid — 19 дар бисёре аз давлатҳои ҷаҳон карантин аст ва хостам ёде аз зиндониён кунам.

Чаро аз зиндониён ?

Барое он ки ин шабу рӯзҳо ёде аз зиндониҳои сиёсӣ зеҳнамро машғул мекунад. Эҳсос мекунам, ки агар дар ҷои онҳо худам мебудам, оё ҳамфикронам аз ман ёде мекарданд?

Чаро ба ин эҳсос дода шудам. Чун дар ин чанд рӯзи дар карантин, ки ба кӯчаҳо беҳуда баромадан мамнӯъ буд, дар хона будам, ки бароям мисли зиндон буд. Хӯрдан, нишастан, хоб кардану назди компютер хабарҳоро пайгирӣ кардан, ҳамин ҳолат як моҳ идома ёфт. Хеле бароям гарон буд. Ба худ мегуфтам, ин хонанишинӣ, ки хеле мушкил аст, пас ҳоли зиндониён чихел бошад? 

Оре, дар гӯё «зиндоне» (хона), ки ман тӯли ин як моҳ будам, агар ба чизе ниёз пайдо мешуд бе ягон мушкил ба берун мебаромадаму мағозаи назди хона мерафтам. Бо ҳама он талаботе, ки мақомоти кишвар барои сироят наёфтан ба коронавирус муқарар карда буд, муроот мекардаму маводи ниёзамро дастрас мекардам. Ҳоло ин муҳим нест. Ман дар хона бошам ҳам озодам, мегзарем. 

Асли масъала ва андешаам ин зиндониёни бегуноҳ аст. 5 сол мешавад дар зиндон ҳастанд. Онҳо дастрасӣ ба ҳеч чиз надоранду дур аз ёру наздиконашон мебошанд. Яъне зиндони сарду торик, дар гармои тобистон беҳавову дамгир. Гирду атроф панҷараҳои оҳанину деворҳои тангу беранг. 

Шояд соат, рӯзу шаб мешуморанд… Рӯзҳои онҳо чихел мегузарад? Оё ҳама мисли ман ин эҳсосро дошта бошанд? Аммо ҳаминро медонам, ки онҳое, ки мисли ман падар ё бародар ё ҳар касеашон дар зиндонанд мефаҳманд. Ман мехоҳам бифаҳмам чӣ бояд кард, ки озод бишаванд?

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *